Your Tajikistan

@your_tj · news · Russian · active

Subscribers 929 Subscribers, last 30 days: 928 → 929 −1 24h
Reach per post (ERR) 9.9%92 avg views
Posting 19.9/day last 18 hours ago
Reactions per 1K views 2.0 ❤ 👍 🔥

Сокинони Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи Конститутсия се рӯз истироҳат мекунанд Ба муносибати Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон сокинони кишвар рӯзҳои 6, 7 ва 8-уми ноябр пайиҳам истироҳат хоҳанд кард. Дар ин бора Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон хабар додааст. Ҳамчунин, донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар рӯзи 6-уми ноябр, ки ба рӯзи ҷумъа рост меояд, ба дарс намераванд. Ин маълумотро аз Вазорати маориф тасдиқ кардаанд. Донишомӯзони муассисаҳои таҳсилоти миёна низ дар ин рӯзҳо истироҳат мекунанд, зеро онҳо дар таътили тирамоҳӣ қарор доранд. 📌 Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид», 6-уми ноябр, ки ҳамасола Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон таҷлил мешавад, рӯзи истироҳат муқаррар шудааст. Имсол аз қабули Конститутсияи кишвар 32 сол пур мешавад. 📲 Your.tj дар ➡️ Telegram / Facebook / Instagram / TikTok / Threads

Views over time

05010029 Oct 03:4113 Nov 11:169629 Oct 03:41: 0 views13 Nov 11:16: 96 views
Snapshots we took after posting.
WhenViews
29 Oct 2026, 03:410
13 Nov 2026, 11:1696

Who shared this post

Posts in other channels we index that link to this one. (Forwards with a hidden source can't be traced.)

Nobody yet.