Your Tajikistan

@your_tj · news · Russian · active

Subscribers 929 Subscribers, last 30 days: 928 → 929 −1 24h
Reach per post (ERR) 9.9%92 avg views
Posting 19.9/day last 18 hours ago
Reactions per 1K views 2.0 ❤ 👍 🔥

Конибодом нақшаи даъвати тирамоҳиро пеш аз муҳлат иҷро кард Шаҳри Конибодом нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбиро пеш аз муҳлат иҷро кардааст. Дар ин бора мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр хабар додааст. Ба иттилои манбаъ, фаъолияти комиссияи даъват ва корҳои фаҳмондадиҳӣ барои иҷрои саривақтии нақша мусоидат кардаанд. Аз рӯзҳои аввали маъракаи даъвати тирамоҳии соли 2026 ҷавонон ихтиёран ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир шуда, омодагии худро барои адои хизмати ҳарбӣ изҳор кардаанд. Маъракаи даъвати тирамоҳӣ дар Тоҷикистон аз 1-уми октябр оғоз шуда, то 30-юми ноябр идома меёбад. Тибқи фармони Президенти кишвар, шаҳрвандони солҳои таваллуди 1999–2008 ба хизмати ҳарбӣ даъват мешаванд. Қаблан, 12-уми октябр, Вазорати мудофиаи Тоҷикистон хабар дода буд, ки дар 10 рӯзи аввали даъват беш аз 40 шаҳру ноҳияи кишвар нақшаи худро иҷро кардаанд. Он вақт нишондиҳандаи умумии иҷрои нақша 84 фоизро ташкил медод. 📲 Your.tj дар ➡️ Telegram / Facebook / Instagram / TikTok / Threads

Views over time

05010028 Oct 09:4013 Nov 11:1610028 Oct 09:40: 0 views13 Nov 11:16: 100 views
Snapshots we took after posting.
WhenViews
28 Oct 2026, 09:400
13 Nov 2026, 11:16100

Who shared this post

Posts in other channels we index that link to this one. (Forwards with a hidden source can't be traced.)

Nobody yet.