Дар кӯдакистони Хуҷанд 18 кӯдак баъди истеъмоли макарон ва гречка бемор шуданд Дар кӯдакистони №35-и шаҳри Хуҷанд, ки қаблан 18 кӯдак бо нишонаҳои қайкунӣ ва дарунравӣ ба табибон муроҷиат карда буданд, дар намунаҳои макарон ва гречкаи барои ғизои кӯдакон истифодашуда микроб ошкор шудааст. Ба иттилои Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ, 21-уми октябри соли 2026 вазъи саломатии чанд кӯдак дар муассисаи томактабӣ якбора бад шуда, онҳо барои гирифтани ёрии тиббӣ ба беморхона интиқол дода шудаанд. Пас аз ин ҳодиса мутахассисон дар кӯдакистон санҷиш гузаронида, аз маводи ғизоӣ ва дигар қисматҳои муассиса намуна гирифтаанд. Натиҷаҳои ташхис нишон додаанд, ки макарон ва гречкаи истифодашуда олуда ба микроб будаанд. Дар робита ба натиҷаи санҷиш нисбати 11 корманди кӯдакистон протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шудаанд. 📲 Your.tj дар ➡️ Telegram / Facebook / Instagram / TikTok / Threads
Your Tajikistan
Subscribers
929
−1 24h
Reach per post (ERR)
9.9%92 avg views
Posting
19.8/day
last 19 hours ago
Reactions per 1K views
2.0
❤ 👍 🔥
Views over time
| When | Views |
|---|---|
| 28 Oct 2026, 07:03 | 0 |
| 13 Nov 2026, 11:16 | 88 |
Who shared this post
Posts in other channels we index that link to this one. (Forwards with a hidden source can't be traced.)
Nobody yet.