Агентии авиатсияи гражданӣ аз шаҳрвандон даъват кард, ки пеш аз истифодаи дрон қоидаҳои парвозро омӯзанд Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Тоҷикистон ба шаҳрвандон ёдрас мекунад, ки истифодаи киштиҳои ҳавоии бесарнишин (дронҳо) бояд бо риояи қоидаҳои истифодаи фазои ҳавоии кишвар сурат гирад. Ба иттилои агентӣ, новобаста аз он ки дрон барои фароғат, аксбардорӣ, наворбардорӣ, фаъолияти касбӣ ё тиҷоратӣ истифода мешавад, риояи талаботи қонунгузорӣ ва таъмини бехатарии парвоз масъулияти ҳар як истифодабаранда мебошад. Пеш аз парвоз шаҳрвандон бояд: - Қонунгузорӣ ва қоидаҳои истифодаи фазои ҳавоии Тоҷикистонро омӯзанд; - Боварӣ ҳосил кунанд, ки дрон тибқи тартиби муқарраршуда ба қайди давлатӣ гирифта шудааст ва ҳуҷҷатҳои зарурӣ, аз ҷумла иҷозатномаҳо дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузорӣ, мавҷуданд; - Иҷозат ва мувофиқаҳои заруриро пешакӣ дастрас намоянд; - Ҷойи парвозро санҷида, аз маҳдудиятҳои амалкунанда дар минтақа огоҳ бошанд; - Дронро тавре идора кунанд, ки ба ҳаёт ва саломатии шаҳрвандон, моликияти онҳо ва бехатарии парвози дигар воситаҳои ҳавоӣ хатар эҷод нашавад; - Аз парвоз дар минтақаҳои манъшуда ё бе иҷозатҳои зарурӣ худдорӣ намоянд. Агентӣ таъкид мекунад, ки надонистани қоидаҳо шахсро аз ҷавобгарӣ озод намекунад. Парвози ғайриқонунӣ ё риоя накардани талаботи муқарраршуда метавонад боиси ҷавобгарӣ тибқи қонунгузории Тоҷикистон гардад. 📲 Your.tj дар ➡️ Telegram / Facebook / Instagram / TikTok / Threads
Your Tajikistan
Subscribers
929
−1 24h
Reach per post (ERR)
9.9%92 avg views
Posting
19.8/day
last 19 hours ago
Reactions per 1K views
2.0
❤ 👍 🔥
Views over time
| When | Views |
|---|---|
| 28 Oct 2026, 05:26 | 0 |
| 13 Nov 2026, 11:16 | 85 |
Who shared this post
Posts in other channels we index that link to this one. (Forwards with a hidden source can't be traced.)
Nobody yet.