Эмомалӣ Раҳмон мораторий ба санҷиши соҳибкорони хурду миёнаро то соли 2029 тамдид кард Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон фармони эълони мораторий ба санҷиши фаъолияти субъектҳои соҳибкории хурду миёнаро то 1-уми январи соли 2029 имзо кард. Тибқи ин фармон, дар ин давра санҷиши фаъолияти соҳибкорони мазкур манъ буда, истисно танҳо ба санҷишҳои мақомоти андоз дахл дорад. Фармони мазкур 28-уми октябри соли ҷорӣ нашр шудааст. Дар шарҳи он гуфта мешавад, ки ҳадафи ин иқдом дастгирии давлатии соҳибкорӣ, таҳкими иқтидори саноатӣ ва содиротии кишвар, пешгирии санҷишҳои беасосу такрорӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои соҳибкориву сармоягузорӣ мебошад. Қаблан, бо дастури Президент аз 10-уми январи соли 2025 то 1-уми январи соли 2027 санҷиши фаъолияти ҳамаи намудҳои соҳибкорӣ манъ шуда буд. Тибқи фармони нав, Ҳукумати Тоҷикистон вазифадор аст, ки дар муҳлати як моҳ санади меъёрии ҳуқуқии дахлдорро пешниҳод намояд. Масъалаҳои марбут ба мораторий дар доираи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ» танзим мешаванд. 📲 Your.tj дар ➡️ Telegram / Facebook / Instagram / TikTok / Threads
Your Tajikistan
Subscribers
929
−1 24h
Reach per post (ERR)
9.9%92 avg views
Posting
19.8/day
last 19 hours ago
Reactions per 1K views
2.0
❤ 👍 🔥
Views over time
| When | Views |
|---|---|
| 28 Oct 2026, 04:27 | 0 |
| 13 Nov 2026, 11:16 | 113 |
Who shared this post
Posts in other channels we index that link to this one. (Forwards with a hidden source can't be traced.)
Nobody yet.