Ҷавони 22-сола бо гумони паҳн кардани навору аксҳои хусусии дӯстдухтари собиқаш боздошт шуд Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошти як сокини 22-солаи ноҳияи Шаҳристон хабар дод, ки ба паҳн кардани маводи дорои хусусияти шаҳвонӣ гумонбар мешавад. Ба иттилои ин ниҳод, ки 27-уми октябр нашр шудааст, Сироҷиддин Ғоибназаров бо духтари 22-солаи сокини ҳамин ноҳия муносибати ошиқона доштааст. Аммо пас аз он ки духтар ба шавҳар баромадааст, муносибати онҳо қатъ шудааст, ҷавон аксу наворҳои хусусии якҷоя буданашонро, ки дорои хусусияти шаҳвонӣ будаанд, паҳн кардааст. То ҳол назари гумонбар ва духтар дар бораи ин ҳодиса дастрас нест. Ба иттилои ВКД, нисбати Ғоибназаров бо қисми 3-и моддаи 241-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст. Ин модда барои ғайриқонунӣ паҳн кардани маводи порнографӣ ҷазо дар шакли аз 6 то 10 соли маҳрумият аз озодиро пешбинӣ мекунад. 📲 Your.tj дар ➡️ Telegram / Facebook / Instagram / TikTok / Threads
Your Tajikistan
Subscribers
929
−1 24h
Reach per post (ERR)
9.9%92 avg views
Posting
19.7/day
last 20 hours ago
Reactions per 1K views
2.1
❤ 👍 🔥
Views over time
| When | Views |
|---|---|
| 27 Oct 2026, 10:53 | 0 |
| 13 Nov 2026, 11:16 | 96 |
Who shared this post
Posts in other channels we index that link to this one. (Forwards with a hidden source can't be traced.)
Nobody yet.