Ҳосили картошкае, ки дар заминҳои корами ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ парвариш меёбад, дар бозорҳои Душанбеву Хуҷанд, Ҳисору Бохтар ва Панҷакент харидори зиёд дорад. Дар деҳоти ин ноҳия қариб ҳар оила бо картошкапарварӣ машғуланд. Зеро боду ҳавои кӯҳистон ба кишти картошка мусоид аст. Дар шароити душвори кӯҳистон парвариши картошка чӣ мушкилӣ дорад ва хоҷагидорон ҳосили хушсифати бадастовардаро чӣ гуна то зимистон нигоҳ медоранд. Муаллифи Your.tj барои ба ин саволҳо посух ёфтан бо ду сокини ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, ки ҳар сол дар замини то 1 гектар картошка парвариш мекунанд, ҳамсуҳбат шуд. https://your.tj/tj/history/yak-dona-kartoshka-to-4-kg-charo-kartoshkai-kuhistoni-mastchoh-haridori-ziyod-dorad