🇹🇷 Дар Туркия барои коргарони тоҷик маоши то 1200 доллар пешниҳод мешавад Агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон шаҳрвандони кишварро барои кор дар Туркия даъват кардааст. Тибқи иттилои ин ниҳод, сабти номи довталабон имрӯз, 27 октябр, оғоз гардида, мусоҳиба бо корфармо рӯзҳои 29 ва 30 октябр баргузор мешавад. Барои кор кафшергарон, кормандони соҳаи барқ, мутахассисони техникӣ ва таъмири механикӣ заруранд. Маош вобаста ба ихтисос ва вазифа аз 900 то 1200 доллари ИМА муқаррар шудааст. Талабот ба довталабон: - синни аз 18 то 45-сола; - донистани забони русӣ ё англисӣ дар сатҳи муошират; - доштани шиносномаи хориҷӣ; - надоштани доғи судӣ; - масъулиятшиносӣ, интизом ва омодагӣ ба кор. Шахсони хоҳишманд метавонанд бо шиносномаи хориҷӣ ба бинои марказии Агентии бокортаъминкунӣ дар шаҳри Душанбе, кӯчаи Лоҳутӣ, 80 (наздикии «Пивзавод») ё ба намояндагиҳои он дар вилоятҳо муроҷиат кунанд. Барои гирифтани маълумоти бештар бо рақамҳои 221-39-67, 221-39-83 ё тавассути WhatsApp бо рақамҳои +992 55 555 1080, +992 98 790 6666 ва +992 93 093 4994 тамос гирифтан мумкин аст. 📲 Your.tj дар ➡️ Telegram / Facebook / Instagram / TikTok / Threads
Your Tajikistan
Subscribers
929
−1 24h
Reach per post (ERR)
9.9%92 avg views
Posting
19.8/day
last 20 hours ago
Reactions per 1K views
2.1
❤ 👍 🔥
Views over time
| When | Views |
|---|---|
| 27 Oct 2026, 08:50 | 0 |
| 13 Nov 2026, 11:16 | 87 |
Who shared this post
Posts in other channels we index that link to this one. (Forwards with a hidden source can't be traced.)
Nobody yet.