Сафорати ИМА аз қаллобӣ дар масъалаи «Грин-корт» ҳушдор дод Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Душанбе аз шаҳрвандони Тоҷикистон даъват кардааст, ки ба миёнаравоне, ки аз оғози сабтином барои қуръакашии «Грин-корт»-и соли 2027 хабар медиҳанд, бовар накунанд. Тавре намояндагии дипломатӣ рӯзи 27 октябр иттилоъ додааст, ҳукумати ИМА барои мубориза бо қаллобӣ ва пешгирии муҳоҷирати ғайриқонунӣ чораҳо меандешад. Сафорат аз шаҳрвандон хостааст, ки маълумоти марбут ба раводидҳои Амрикоро танҳо аз сомонаҳои расмии ҳукумати ин кишвар дастрас кунанд. Қаблан додгоҳе дар ИМА Вазорати корҳои хориҷии ин кишварро уҳдадор карда буд, ки қабули дархостҳо барои иштирок дар қуръакашии «Грин-корт»-и соли 2027-ро на дертар аз 1 ноябри соли 2026 оғоз намояд. Бо вуҷуди ин, ҳанӯз маълум нест, ки сабтином воқеан кай оғоз мешавад. Ҳукумати ИМА метавонад аз болои қарори додгоҳ шикоят кунад ва то баррасии он оғози сабтином ба таъхир афтад. 📲 Your.tj дар ➡️ Telegram / Facebook / Instagram / TikTok / Threads
Your Tajikistan
Subscribers
929
−1 24h
Reach per post (ERR)
9.9%92 avg views
Posting
19.8/day
last 19 hours ago
Reactions per 1K views
2.1
❤ 👍 🔥
Views over time
| When | Views |
|---|---|
| 27 Oct 2026, 08:36 | 0 |
| 13 Nov 2026, 11:16 | 90 |
Who shared this post
Posts in other channels we index that link to this one. (Forwards with a hidden source can't be traced.)
Nobody yet.