Хадамоти алоқа барои фаъолияти устувори шабакаҳо дар фасли зимистон омодагӣ мебинад Дар Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи омодагии соҳаи алоқа ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2026–2027 баррасӣ гардид. Ҷаласа таҳти роҳбарии муовини сардори Хадамот ва роҳбари Ситоди фаврӣ Шоҳназар Холназарзода баргузор шуда, дар он намояндагони ширкатҳои мобилӣ, провайдерҳои интернетӣ ва воҳидҳои сохторӣ иштирок карданд. Масъулони шуъбаҳои минтақавӣ ба таври онлайн ба ҷаласа пайвастанд. Зимни вохӯрӣ омодагии техникии шабакаҳои алоқа, таъмини пойгоҳҳои базавӣ бо манбаъҳои эҳтиётии неруи барқ ва роҳҳои пешгирии қатъи хизматрасонӣ, махсусан дар минтақаҳои кӯҳистонӣ ва дурдаст, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Ба масъулон супориш дода шуд, ки камбудиҳои мавҷударо бартараф намуда, омодагии техникиро тақвият бахшанд ва фаъолияти бефосилаи шабакаҳои алоқаро дар давраи сармо таъмин кунанд. 📲 Your.tj дар ➡️ Telegram / Facebook / Instagram / TikTok / Threads
Your Tajikistan
Subscribers
929
−1 24h
Reach per post (ERR)
9.9%92 avg views
Posting
19.7/day
last 20 hours ago
Reactions per 1K views
2.1
❤ 👍 🔥
Views over time
| When | Views |
|---|---|
| 26 Oct 2026, 12:25 | 0 |
| 13 Nov 2026, 11:16 | 88 |
Who shared this post
Posts in other channels we index that link to this one. (Forwards with a hidden source can't be traced.)
Nobody yet.