Қонуни нав: шаҳрвандони Тоҷикистон танҳо аз 18-солагӣ метавонанд ба муҳоҷирати меҳнатӣ раванд Шаҳрвандони Тоҷикистон минбаъд метавонанд танҳо пас аз расидан ба синни 18-солагӣ барои фаъолияти меҳнатӣ ба хориҷи кишвар сафар кунанд. Ин талабот дар Қонуни нави Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муҳоҷират» пешбинӣ шудааст. Қонуни мазкур 23 октябр дар рӯзномаи «Садои мардум» нашр гардидааст. Мувофиқи моддаи 16-и қонун, муҳоҷирати меҳнатӣ ба кишварҳое иҷозат дода мешавад, ки ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷиронро таъмин мекунанд. Маҳдудияти синнусолии мазкур ба шаҳрвандони хориҷие низ дахл дорад, ки барои кор ба Тоҷикистон меоянд. Дар қонуни қаблии «Дар бораи муҳоҷират», ки соли 1999 қабул шуда буд, синни ҳадди ақали муҳоҷирати меҳнатӣ муайян нашуда буд. Он вақт ин масъала тибқи қонунгузории кишвари қабулкунанда ва созишномаҳои дахлдор танзим мегардид. 📲 Your.tj дар ➡️ Telegram / Facebook / Instagram / TikTok / Threads
Your Tajikistan
Subscribers
929
−1 24h
Reach per post (ERR)
9.9%92 avg views
Posting
19.7/day
last 20 hours ago
Reactions per 1K views
2.1
❤ 👍 🔥
Views over time
| When | Views |
|---|---|
| 26 Oct 2026, 11:06 | 0 |
| 13 Nov 2026, 11:16 | 87 |
Who shared this post
Posts in other channels we index that link to this one. (Forwards with a hidden source can't be traced.)
Nobody yet.