🇹🇯 Эмомалӣ Раҳмон дар сохторҳои давлатӣ таъйиноти кадрӣ анҷом дод 26 октябр Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон як қатор кадрҳои ба вазифаҳои роҳбарикунанда дар вазорату идораҳои давлатӣ таъйиншударо барои суҳбат пазируфт. Дар ин бора сомонаи расмии Президенти Тоҷикистон хабар медиҳад. Бо фармони Президент Сафарзода Анвар Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ таъйин гардид. Ҳамчунин, муовинони вазорату идораҳои давлатӣ, ки масъули самти рақамикунонӣ хоҳанд буд, вазифадор шудаанд, ки барои ҷорӣ намудани технологияҳои муосир, рушди низоми электронии идоракунӣ ва ҷалби мутахассисони соҳаи технологияҳои иттилоотӣ чораҳои зарурӣ андешанд. Дар баробари ин, Эмомалӣ Раҳмон пешниҳодҳоро оид ба бозхонди раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон Худоёрзода Бахтиёр, муовини ӯ Қодирзода Абдуҷаббор ва як қатор аъзои комиссия бинобар анҷом ёфтани муҳлати ваколаташон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ирсол намуд. Ҳамзамон, ба парлумон пешниҳод шудааст, ки Зариф Ализода раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ, Саидзода Ҷамшед Ҳамро муовини раиси он интихоб шуда, Назарализода Дилафруз Муҳаммадалӣ, Маъмурзода Адҳам Маъмур, Раҷабзода Зайнура Абунаср, Самадзода Наврӯз Абдулҳамид ва Хидирзода Махфират Умар ба ҳайати комиссия шомил карда шаванд. Зимни суҳбат Сарвари давлат аз кадрҳои навтаъйин иҷрои содиқонаи вазифаҳо, тарбияи мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи замон ва муносибати шоиста бо шаҳрвандонро талаб намуд. 📲 Your.tj дар ➡️ Telegram / Facebook / Instagram / TikTok / Threads
Your Tajikistan
Subscribers
929
−1 24h
Reach per post (ERR)
9.9%92 avg views
Posting
19.7/day
last 20 hours ago
Reactions per 1K views
2.1
❤ 👍 🔥
Views over time
| When | Views |
|---|---|
| 26 Oct 2026, 10:35 | 0 |
| 13 Nov 2026, 11:16 | 80 |
Who shared this post
Posts in other channels we index that link to this one. (Forwards with a hidden source can't be traced.)
Nobody yet.