Ҷамшед Исоев аз қаҳрамонии Осиё бо ду медал баргашт Шоҳмотбози тоҷик Ҷамшед Исоев дар чемпионати Осиё миёни собиқадорон ду медал ба даст овард. Ӯ дар мусобиқаи шоҳмоти классикӣ дар гурӯҳи синнусолии 50+ соҳиби медали биринҷӣ шуд. Дар ин бора Федератсияи шоҳмоти Тоҷикистон хабар медиҳад. Қаблан Исоев дар рақобатҳои шоҳмоти рапид медали нуқра ба даст оварда буд. Ҳамин тариқ, устоди байналмилалӣ ва қаҳрамони ҳашткаратаи Тоҷикистон бо ду ҷоизаи қаҳрамонии қитъавӣ баромад кард. Чемпионати Осиё миёни мардону занон дар гурӯҳҳои синнусолии 50+ ва 65+ аз 15 то 25 октябр дар шаҳри Ӯши Қирғизистон баргузор шуд. Дар он 74 шоҳмотбоз аз 11 кишвари Осиё, аз ҷумла гроссмейстерҳо ва устодони байналмилалӣ, ширкат карданд. Барои дарёфти медалҳо иштирокчиён дар се навъи мусобиқа: шоҳмоти классикӣ, рапид ва блиц рақобат намуданд. 📲 Your.tj дар ➡️ Telegram / Facebook / Instagram / TikTok / Threads
Your Tajikistan
Subscribers
929
−1 24h
Reach per post (ERR)
9.9%92 avg views
Posting
19.7/day
last 21 hours ago
Reactions per 1K views
2.1
❤ 👍 🔥
Views over time
| When | Views |
|---|---|
| 26 Oct 2026, 05:59 | 0 |
| 13 Nov 2026, 11:16 | 90 |
Who shared this post
Posts in other channels we index that link to this one. (Forwards with a hidden source can't be traced.)
Nobody yet.