Your Tajikistan

@your_tj · news · Russian · active

Subscribers 929 Subscribers, last 30 days: 928 → 929 −1 24h
Reach per post (ERR) 9.9%92 avg views
Posting 19.7/day last 21 hours ago
Reactions per 1K views 2.1 ❤ 👍 🔥

Истеҳсоли матоъ дар Тоҷикистон қариб ду баробар кам шуд Дар Тоҷикистон дар моҳҳои январ–сентябри соли 2026 истеҳсоли матоъ 46,8 фоиз коҳиш ёфтааст. Дар ин давра дар кишвар ҳамагӣ 7,3 миллион метри мураббаъ матоъ истеҳсол шудааст. Дар ин бора Агентии омори Тоҷикистон хабар медиҳад. Ҳамзамон, воридоти матоъ ба кишвар афзоиш ёфта, содироти он коҳиш ёфтааст. Тибқи маълумоти Хадамоти гумруки Тоҷикистон, дар нӯҳ моҳи соли ҷорӣ воридоти матоъ 38,2 фоиз зиёд шуда, аз 14,5 ҳазор тонна ба 20,1 ҳазор тонна расидааст. Қисми зиёди матои воридотӣ аз Чин ба Тоҷикистон оварда шудааст, ки ҳаҷми он 17,2 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад. Аз Ӯзбекистон тақрибан 1,9 ҳазор тонна ва аз Туркия 752 тонна матоъ ворид гардидааст. Дар ҳамин ҳол, содироти матоъ аз Тоҷикистон 66,9 фоиз коҳиш ёфта, аз тақрибан 2 ҳазор тонна ба 661 тонна расидааст. Туркия, Беларус ва Полша аз харидорони асосии матои истеҳсоли Тоҷикистон боқӣ мондаанд. Дар баробари коҳиши истеҳсоли матоъ, истеҳсоли калобаи пахтагин 19,9 фоиз афзуда, ба 14,4 ҳазор тонна расидааст. Аммо истеҳсоли нахи пахта 17,4 фоиз кам шуда, 34,8 ҳазор тоннаро ташкил додааст. Раванди коҳиши истеҳсоли матоъ дар нимсолаи аввали соли 2026 низ мушоҳида шуда буд. Дар шаш моҳи аввал ҳаҷми истеҳсол 37,7 фоиз коҳиш ёфта, ба 6,1 миллион метри мураббаъ расида буд. Натиҷаҳои нӯҳмоҳа нишон медиҳанд, ки коҳиши истеҳсол нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта боз ҳам амиқтар шудааст. 📲 Your.tj дар ➡️ Telegram / Facebook / Instagram / TikTok / Threads

Views over time

05010023 Oct 12:4413 Nov 11:1610423 Oct 12:44: 0 views13 Nov 11:16: 104 views
Snapshots we took after posting.
WhenViews
23 Oct 2026, 12:440
13 Nov 2026, 11:16104

Who shared this post

Posts in other channels we index that link to this one. (Forwards with a hidden source can't be traced.)

Nobody yet.