Дар Бобоҷон Ғафуров ду зеристгоҳи нави барқӣ ба истифода дода шуд Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд ду зеристгоҳи нави барқии дорои шиддати 110 кВ «Арбоб» ва «Ёва» ба истифода дода шуд. Дар маросими ифтитоҳи иншоот муовини Сарвазири Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода ва раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода иштирок карданд. Зеристгоҳи барқии «Арбоб», ки дар Ҷамоати деҳоти Унҷӣ ҷойгир аст, бо таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз буда, барои беҳтар намудани таъминоти барқ ва кам кардани сарбории зеристгоҳҳои «Рӯмон», «Унҷӣ», «Ленинобод» ва «Ситора» пешбинӣ шудааст. Ҳангоми сохтмони ин иншоот хатти интиқоли барқ ба масофаи 12 километр кашида шуда, таҷҳизоти зарурӣ васлу насб гардидааст. Тибқи ҳисобҳои мутахассисон, ба истифода додани зеристгоҳи «Арбоб» имкон медиҳад, ки талафоти неруи барқ аз 16 то 7 фоиз коҳиш ёбад. Инчунин, зеристгоҳи нав барои пешгирии садамаҳои эҳтимолӣ, бахусус дар мавсими тирамоҳу зимистон, ва беҳтар намудани таъминоти барқ ба аҳолӣ ва иншооти иҷтимоию иқтисодӣ мусоидат мекунад. Зеристгоҳи дуюм «Ёва» дар Ҷамоати деҳоти Ёва сохта шудааст. Ин иншоот барои коҳиш додани сарбории зеристгоҳҳои «Ғозиён», «Ҷанубӣ» ва «Абуалӣ ибни Сино», инчунин беҳтар намудани интиқол ва тақсимоти неруи барқ дар минтақа хизмат хоҳад кард. Интизор меравад, ки пас аз ба истифода додани зеристгоҳи «Ёва» талафоти неруи барқ аз 34 то 14 фоиз коҳиш ёбад. Зимни мулоқот бо сокинон ва кормандони соҳаи энергетика таъкид шудааст, ки рушди иқтидорҳои истеҳсолӣ, навсозии инфрасохтори энергетикӣ ва беҳтар намудани таъминоти аҳолӣ бо неруи барқ аз самтҳои афзалиятноки сиёсати Ҳукумати Тоҷикистон ба ҳисоб мераванд. 📲 Your.tj дар ➡️ Telegram / Facebook / Instagram / TikTok / Threads
Your Tajikistan
Subscribers
929
−1 24h
Reach per post (ERR)
9.9%92 avg views
Posting
19.7/day
last 21 hours ago
Reactions per 1K views
2.1
❤ 👍 🔥
Views over time
| When | Views |
|---|---|
| 23 Oct 2026, 12:06 | 0 |
| 13 Nov 2026, 11:16 | 88 |
Who shared this post
Posts in other channels we index that link to this one. (Forwards with a hidden source can't be traced.)
Nobody yet.