Your Tajikistan

@your_tj · news · Russian · active

Subscribers 929 Subscribers, last 30 days: 928 → 929 −1 24h
Reach per post (ERR) 9.9%92 avg views
Posting 19.7/day last 21 hours ago
Reactions per 1K views 2.1 ❤ 👍 🔥

⚡️ Агентии нафақа ба пешниҳоди боло бурдани синни нафақа вокуниш кард Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Тоҷикистон дар робита ба пешниҳоди Бонки осиёии рушд (БОР) оид ба боло бурдани синни нафақа изҳор доштааст, ки ин пешниҳод хусусияти тавсиявӣ дошта, худ аз худ меъёрҳои қонунгузории амалкунандаи кишварро тағйир намедиҳад. Ин ниҳод 22 октябр таъкид кардааст, ки масъалаи таъини нафақа ва шартҳои гирифтани он тибқи қонунгузории амалкунандаи Тоҷикистон танзим мешавад. «Ҳама гуна тағйирот ба синни нафақа, собиқаи суғуртавӣ ва дигар шартҳои таъини нафақа бояд дар доираи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Тоҷикистон баррасӣ ва қабул шуда, пас аз эътибори ҳуқуқӣ пайдо кардани санади дахлдори меъёрии ҳуқуқӣ мавриди амал қарор гиранд», — гуфтааст Агентӣ. Қаблан БОР дар гузориши худ ба Тоҷикистон пешниҳод карда буд, ки ду варианти тағйир додани синни нафақа баррасӣ шавад: тадриҷан аз 58 то 63 сол боло бурдани синни нафақаи занон ё муқаррар кардани синни нафақаи ягонаи 65-сола барои занону мардон. Яке аз сабабҳои ин пешниҳод афзоиши дарозумрии аҳолӣ дар Тоҷикистон арзёбӣ шудааст. Тибқи маълумоти гузориш, дарозумрии миёнаи аҳолии кишвар аз 68,4 сол дар соли 2010 то 76,6 сол дар соли 2024 расидааст. Ҳоло синни нафақа дар Тоҷикистон барои занон 58 ва барои мардон 63 сол муқаррар шудааст. 📲 Your.tj дар ➡️ Telegram / Facebook / Instagram / TikTok / Threads

Views over time

05010023 Oct 07:4313 Nov 11:1611023 Oct 07:43: 0 views13 Nov 11:16: 110 views
Snapshots we took after posting.
WhenViews
23 Oct 2026, 07:430
13 Nov 2026, 11:16110

Who shared this post

Posts in other channels we index that link to this one. (Forwards with a hidden source can't be traced.)

Nobody yet.