Шоҳрух Назаров барои медали нуқраи таърихӣ соҳиби хона ва 150 ҳазор сомонӣ мешавад Параҷудокори тоҷик Шоҳрух Назаров барои ба даст овардани медали нуқра дар Бозиҳои V Параосиёӣ-2026 дар Ҷопон бо хонаи истиқоматӣ ва 150 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ қадрдонӣ мешавад. Тавре хабар дода мешавад, президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон Маҳмуд Амонзода ба варзишгар хонаи истиқоматӣ туҳфа мекунад. Ҳамчунин, президенти Федератсияи ҷудои Тоҷикистон Исмоил Маҳмадзоир барои ин дастоварди варзишӣ ба Назаров 150 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ ҷудо кардааст. Шоҳрух Назарови 33-сола 20 октябри соли 2026 дар мусобиқаҳои параҷудои Бозиҳои V Параосиёӣ, ки дар минтақаи Аичи–Нагояи Ҷопон баргузор мешаванд, дар вазни то 81 кило, гурӯҳи J1, ба гирифтани медали нуқра ноил гардид. Ӯ дар роҳи расидан ба финал се пирӯзӣ ба даст овард. Дар ҳаштякфинал намояндаи Чин Жоу Живейро бо иппон мағлуб кард, дар чорякфинал бар Ерғали Шамейи қазоқ бо усули ваза-ари ғолиб омад ва дар нимфинал варзишгари дигари Қазоқистон Бауыржан Арстанбековро шикаст дод. Дар рақобати ниҳоӣ Назаров бо намояндаи Ӯзбекистон Шоҳрух Мамедов рӯ ба рӯ шуд. Мусобиқа чор дақиқа идома ёфта, бо пирӯзии варзишгари ӯзбек анҷом ёфт. Ҳамин тавр, паҳлавони тоҷик соҳиби медали нуқра гардид. Ин дастовард дар таърихи иштироки Тоҷикистон дар Бозиҳои тобистонаи Параосиёӣ нахустин медали кишвар ба ҳисоб меравад. !📲 Your.tj дар ➡️ Telegram / Facebook / Instagram / TikTok / Threads
Your Tajikistan
Subscribers
929
−1 24h
Reach per post (ERR)
9.9%92 avg views
Posting
19.7/day
last 21 hours ago
Reactions per 1K views
2.1
❤ 👍 🔥
Views over time
| When | Views |
|---|---|
| 23 Oct 2026, 05:59 | 0 |
| 13 Nov 2026, 11:16 | 92 |
Who shared this post
Posts in other channels we index that link to this one. (Forwards with a hidden source can't be traced.)
Nobody yet.