🇹🇯🇯🇵 Ҷопон барои сохтмони зеристгоҳи барқӣ дар Душанбе грант медиҳад Ҳукумати Тоҷикистон ва Агентии Ҷопон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ (JICA) созишномаи грантиро барои бунёди зеристгоҳи нави барқӣ дар шаҳри Душанбе имзо карданд. Созишнома 21 октябр аз ҷониби вазири молияи Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода ва роҳбари намояндагии JICA дар кишвар Ёшимаса Такэмура ба имзо расид. Зеристгоҳи дорои иқтидори шиддатии 220/110/10 кВ дар қисми шарқии пойтахт, дар наздикии «Боғи Ғалаба» сохта мешавад. Иншооти нав ба беҳтар шудани таъминоти барқ, баланд бардоштани эътимоднокии шабакаҳои энергетикӣ ва қонеъ кардани талаботи рӯзафзуни сокинону корхонаҳои Душанбе мусоидат мекунад. Ҳамчунин, барои пайваст намудани муштариёни нав имкониятҳои иловагӣ фароҳам меорад. Имзои созишнома қадами навбатӣ дар густариши ҳамкориҳои Тоҷикистону Ҷопон дар соҳаи энергетика мебошад. 📲 Your.tj дар ➡️ Telegram / Facebook / Instagram / TikTok / Threads
Your Tajikistan
Subscribers
929
−1 24h
Reach per post (ERR)
9.9%92 avg views
Posting
19.6/day
last 22 hours ago
Reactions per 1K views
2.1
❤ 👍 🔥
Views over time
| When | Views |
|---|---|
| 22 Oct 2026, 12:44 | 0 |
| 13 Nov 2026, 11:16 | 109 |
Who shared this post
Posts in other channels we index that link to this one. (Forwards with a hidden source can't be traced.)
Nobody yet.