🇷🇺 Русия аз 3 ноябр қоидаҳои ихроҷи шаҳрвандони хориҷиро сахттар мекунад Аз 3 ноябри соли 2026 дар Русия рӯйхати қонуншикониҳое, ки метавонанд боиси ихроҷи шаҳрвандони хориҷӣ шаванд, васеъ мегардад. Тибқи иттилои Намояндагии Вазорати меҳнат ва муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия, минбаъд барои авбошии хурд, вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ, итоат накардан ба талаботи қонунии кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва риоя накардани қоидаҳои баргузории чорабиниҳои оммавӣ низ метавонанд хориҷиёнро ихроҷ кунанд. Ин чора ҳамчунин ба паҳн кардани маводи экстремистӣ, барангехтани нафрат, амалҳое, ки ба ҳаракати нақлиёт халал мерасонанд, ва баъзе қонуншиканиҳои дигар дахл дорад. Намояндагӣ аз шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Русия кору зиндагӣ мекунанд, даъват кардааст, ки қонунҳои ин кишварро риоя намоянд. 📲 Your.tj дар ➡️ Telegram / Facebook / Instagram / TikTok / Threads
Your Tajikistan
Subscribers
929
−1 24h
Reach per post (ERR)
9.9%92 avg views
Posting
19.6/day
last 22 hours ago
Reactions per 1K views
2.1
❤ 👍 🔥
Views over time
| When | Views |
|---|---|
| 22 Oct 2026, 12:02 | 0 |
| 13 Nov 2026, 11:16 | 82 |
Who shared this post
Posts in other channels we index that link to this one. (Forwards with a hidden source can't be traced.)
Nobody yet.