💰 Бонки Осиёии Рушд барои сохтмони «Роғун» 500 миллион доллар пешбинӣ кардааст Бонки Осиёии Рушд (БОР) ният дорад барои сохтмони нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» 500 миллион доллар маблағ ҷудо кунад. Аз ин маблағ 200 миллион доллар ба шакли грант ва 300 миллион доллар ҳамчун қарзи имтиёзнок пешниҳод мешавад. Ин масъала дар мулоқоти вазири молияи Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ ва БОР дар шаҳри Бангкоки Таиланд баррасӣ шудааст. Ба иттилои Вазорати молияи Тоҷикистон, иштирокчиёни вохӯрӣ ҳамчунин масъалаи ҷалби ҳар ду ниҳоди молиявӣ ба маблағгузории лоиҳа ва ҳамоҳангсозии фаъолияти онҳоро барои сари вақт амалӣ намудани сохтмон муҳокима кардаанд. Дар мулоқот ноиби президенти Бонки ҷаҳонӣ Антонелла Бассани ва ноиби президенти БОР Вемпи Сапутра низ иштирок доштанд. Қаблан Бонки ҷаҳонӣ низ барои сохтмони нерӯгоҳи «Роғун» маблағ ҷудо карда буд. Соли 2024 ин ниҳод барои татбиқи лоиҳа 350 миллион доллар грант пешниҳод намуд. 🏗 Сохтмони нерӯгоҳи «Роғун» дар дарёи Вахш ҳанӯз дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ оғоз шуда, бо сабаби ҷанги шаҳрвандӣ ба таъхир афтода буд. Соли 2008, ҳангоми оғози марҳилаи нави татбиқи лоиҳа, арзиши он 3 миллиард доллар ҳисоб мешуд. Ҳоло арзиши тарҳ беш аз 6 миллиард доллар арзёбӣ мегардад. 📲 Your.tj дар ➡️ Telegram / Facebook / Instagram / TikTok / Threads
Your Tajikistan
Subscribers
929
−1 24h
Reach per post (ERR)
9.9%92 avg views
Posting
19.6/day
last 22 hours ago
Reactions per 1K views
2.1
❤ 👍 🔥
Views over time
| When | Views |
|---|---|
| 22 Oct 2026, 10:19 | 0 |
| 13 Nov 2026, 11:16 | 71 |
Who shared this post
Posts in other channels we index that link to this one. (Forwards with a hidden source can't be traced.)
Nobody yet.