Your Tajikistan

@your_tj · news · Russian · active

Subscribers 929 Subscribers, last 30 days: 928 → 929 −1 24h
Reach per post (ERR) 9.9%92 avg views
Posting 19.6/day last 22 hours ago
Reactions per 1K views 2.1 ❤ 👍 🔥

⚡️ Дар Душанбе 7 хонандаву донишҷӯро барои пахши мустақим ҳангоми дарс танбеҳ доданд Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе хабар додааст, ки ҳафт хонандаву донишҷӯ барои вайрон кардани тартиботи дохили муассисаҳои таълимӣ, пахши мустақим дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳангоми дарс ва халал расондан ба раванди таълим ба мақомоти милитсия оварда шудаанд. Тибқи гузориши ин ниҳод аз 22 октябр, дар байни онҳо донишҷӯён Зоҳир Зайдуллозода, Исроил Саидов, Масрур Соҳибназаров ва Исроил Ниёзмадов, инчунин се хонандаи мактаб Ш. З., А. Ш. ва С. Х. зикр шудаанд. Аммо маълум нест, ки онҳо дар кадом муассисаҳои таълимӣ таҳсил мекунанд. Ба иттилои милитсия, ин наврасону ҷавонон мунтазам бо телефонҳои мобилӣ ҳангоми дарс дар шабакаҳои иҷтимоӣ пахши мустақим анҷом дода, ба раванди омӯзиш халал мерасонидаанд. Ҳамчунин, мақомот гуфтаанд, ки гӯё бархе аз ноболиғон барои зиёд кардани шумораи пайравонашон аксҳои бадахлоқона нашр карда, дар телефонҳои баъзеи онҳо наворҳои ғайриахлоқӣ ошкор шудаанд. 📌 Пас аз ин ҳодиса бо хонандагону донишҷӯён ва волидони онҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуда, нисбати волидони наврасон барои бемасъулиятӣ дар таълиму тарбияи фарзанд тибқи моддаи 90-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ парванда тартиб дода шудааст. Ин модда ҷарима ва то 10 шабонарӯз ҳабси маъмуриро пешбинӣ мекунад. 📲 Your.tj дар ➡️ Telegram / Facebook / Instagram / TikTok / Threads

Views over time

05010022 Oct 10:0113 Nov 11:169122 Oct 10:01: 0 views13 Nov 11:16: 91 views
Snapshots we took after posting.
WhenViews
22 Oct 2026, 10:010
13 Nov 2026, 11:1691

Who shared this post

Posts in other channels we index that link to this one. (Forwards with a hidden source can't be traced.)

Nobody yet.