Your Tajikistan

@your_tj · news · Russian · active

Subscribers 929 Subscribers, last 30 days: 928 → 929 −1 24h
Reach per post (ERR) 10.0%93 avg views
Posting 19.5/day last 22 hours ago
Reactions per 1K views 2.1 ❤ 👍 🔥

🏫 Дар Мастчоҳ бо ташаббуси имомхатибон ҳашт кӯдакистон бунёд мешавад Дар ноҳияи Мастчоҳ бо ташаббуси имомхатибони масҷидҳои ҷомеъ сохтмони ҳашт муассисаи таҳсилоти томактабӣ дар назар аст. Барои бунёди онҳо лоиҳаҳо омода гардида, қитъаҳои замин муайян шудаанд. 21 октябр Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода зимни сафари корӣ ба ноҳияи Мастчоҳ бо нақшаҳои сохтмони иншооти соҳаи маориф ва корҳои ободонӣ шинос шуд. Тибқи иттилои масъулин, кӯдакистонҳои нав дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия сохта шуда, вобаста ба лоиҳа барои қабули аз 120 то 200 кӯдак пешбинӣ гардидаанд. Ҳангоми таҳияи тарҳҳои онҳо талаботу меъёрҳои соҳавӣ ба назар гирифта шудаанд. Раиси вилоят ин ташаббусро намунаи саҳми фаъолони ҷомеа дар ободонии маҳал ва рушди соҳаи маориф арзёбӣ кард. 📲 Your.tj дар ➡️ Telegram / Facebook / Instagram / TikTok / Threads

Views over time

05010022 Oct 07:2613 Nov 11:1610422 Oct 07:26: 0 views13 Nov 11:16: 104 views
Snapshots we took after posting.
WhenViews
22 Oct 2026, 07:260
13 Nov 2026, 11:16104

Who shared this post

Posts in other channels we index that link to this one. (Forwards with a hidden source can't be traced.)

Nobody yet.