Дар шимоли Тоҷикистон парки саноатии металлургияи ранга бунёд мекунанд Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон, Ассотсиатсияи саноати металлҳои рангаи Чин ва ширкати «Тибет — Эверест» Ёддошти тафоҳумро оид ба ҳамкорӣ дар самти таъсиси парки саноатии металлургияи ранга дар шимоли кишвар ба имзо расониданд. Санад дар доираи сафари Сарвазири Шӯрои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин ба Тоҷикистон ба имзо расидааст. ⚙️ Ҳамкории ҷонибҳо коркарди амиқи ашёи хоми маъданӣ, истеҳсоли маҳсулоти дорои арзиши баланди иловашуда ва маҳаллигардонии истеҳсолотро дар бар мегирад. Интизор меравад, ки татбиқи лоиҳа барои таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва васеъ намудани имкониятҳои содиротии Тоҷикистон замина фароҳам оварад. Ба иттилои Вазорати саноат ва технологияҳои нав, ин ташаббус ба иҷрои ҳадафи стратегии кишвар саноатикунонии босуръат ва ҳамчунин таҳкими ҳамкориҳои саноативу сармоягузорӣ миёни Тоҷикистон ва Чин равона шудааст. 📲 Your.tj дар ➡️ Telegram / Facebook / Instagram / TikTok / Threads
Your Tajikistan
Subscribers
929
−1 24h
Reach per post (ERR)
10.0%93 avg views
Posting
19.5/day
last 22 hours ago
Reactions per 1K views
2.1
❤ 👍 🔥
Views over time
| When | Views |
|---|---|
| 22 Oct 2026, 05:53 | 0 |
| 13 Nov 2026, 11:16 | 82 |
Who shared this post
Posts in other channels we index that link to this one. (Forwards with a hidden source can't be traced.)
Nobody yet.