ВКД номи фолбинону ҷодугаронро ба феҳристи махсус ворид мекунад Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ният дорад, бо мақсади пешгирии хурофотпарастӣ ва амалҳои мардумфиребӣ, маълумоти фолбинону ҷодугарон ва дигар шахсони ба чунин фаъолият алоқамандро дар феҳристи махсус сабт кунад. Тавре ВКД рӯзи 21-уми октябр тавассути саҳифаи расмии худ дар Facebook хабар додааст, дар махзани махсуси вазорат ному насаби фолбинон, сеҳру ҷодугарон, нимчамуллоҳои дайду, фоҳишаҳо, мизоҷону наздикони онҳо, нашъамандон ва дигар шахсони ба ин амалҳо алоқаманд ворид карда мешавад. Ин афрод зери назорати доимӣ қарор гирифта, дар сурати дархости сохторҳои дахлдор маълумот дар бораи онҳо пешниҳод хоҳад шуд. ВКД аз шаҳрвандон даъват кардааст, ки аз чунин афрод дурӣ ҷӯянд ва ба амалҳое, ки боиси доғдор шудани номи онҳо дар назди фарзандон мегардад, роҳ надиҳанд. Мақомоти корҳои дохилӣ қаблан низ аз боздошти фолбинону ҷодугарон хабар дода, таъкид карда буд, ки барои ин гуна амалҳо ва муроҷиат ба чунин шахсон ҷавобгарӣ пешбинӣ шудааст. Бо вуҷуди ин, чунин ҳолатҳо ҳанӯз ҳам ба назар мерасанд. Бино ба маълумоти расмӣ, дар шаш моҳи аввали соли 2026 дар Тоҷикистон 604 нафар фолбину ҷодугар аз ҷониби мақомоти корҳои дохилӣ боздошт шудаанд. 📲 Your.tj дар ➡️ Telegram / Facebook / Instagram / TikTok / Threads
Your Tajikistan
Subscribers
929
−1 24h
Reach per post (ERR)
10.0%93 avg views
Posting
19.5/day
last 22 hours ago
Reactions per 1K views
2.1
❤ 👍 🔥
Views over time
| When | Views |
|---|---|
| 21 Oct 2026, 12:33 | 0 |
| 13 Nov 2026, 11:16 | 101 |
Who shared this post
Posts in other channels we index that link to this one. (Forwards with a hidden source can't be traced.)
Nobody yet.