💰 Дар Тоҷикистон нақшаи ҷамъоварии андозҳо 124,4 фоиз иҷро шуд Дар Тоҷикистон дар 9 моҳи соли 2026 нақшаи ҷамъоварии андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ 124,4 фоиз иҷро гардидааст. Дар ин бора Кумитаи андози кишвар хабар додааст. Ба иттилои манбаъ, дар ин давра ба буҷети давлатӣ аз ҳисоби андозҳо ва пардохтҳои ҳатмӣ 26 миллиарду 600 миллион сомонӣ ворид шудааст, ки нисбат ба нақшаи пешбинишуда 5 миллиарду 213 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Ҳамчунин, шумораи андозсупорандагоне, ки эъломияҳои худро ба таври электронӣ пешниҳод мекунанд, дар давраи ҳисоботӣ 4,6 ҳазор адад афзудааст. Айни замон ҳамаи субъектҳои хоҷагидоре, ки тибқи Кодекси андоз вазифадоранд ҳисобот пешниҳод кунанд, эъломия ва ҳисоботи худро пурра ба таври электронӣ ба мақомоти андоз мефиристанд. Кумитаи андоз иттилоъ додааст, ки тавассути модулҳои барномаи компютерӣ ба андозсупорандагон беш аз 60 намуди хизматрасонии давлатӣ дар шакли электронӣ пешниҳод мешавад. Ин ниҳод ният дорад, ки дар соли 2026 боз 11 намуди нави хизматрасонии давлатиро ба таври электронӣ роҳандозӣ кунад. 📲 Your.tj дар ➡️ Telegram / Facebook / Instagram / TikTok / Threads
Your Tajikistan
Subscribers
929
−1 24h
Reach per post (ERR)
10.0%93 avg views
Posting
19.4/day
last 23 hours ago
Reactions per 1K views
2.1
❤ 👍 🔥
Views over time
| When | Views |
|---|---|
| 21 Oct 2026, 11:25 | 0 |
| 13 Nov 2026, 11:16 | 71 |
Who shared this post
Posts in other channels we index that link to this one. (Forwards with a hidden source can't be traced.)
Nobody yet.