Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳиро ба артиш пеш аз муҳлат иҷро кард Шаҳри Ҳисор 21 октябр нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистонро пеш аз муҳлат ва пурра иҷро намуд. То ин рӯз 446 ҷавон ихтиёран ба сафи Артиши миллӣ пайвастаанд. Дар ин бора хадамоти матбуоти шаҳри Ҳисор хабар додааст. 📋 Дар ташкили маъракаи даъват мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, комиссияи даъват, комиссариати ҳарбӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, прокуратура, шуъбаи шаҳрии ВКД, шуъбаи КДАМ ва намояндагони ҷомеа саҳм гузоштаанд. Тибқи иттилои Вазорати мудофиаи Тоҷикистон, то 12 октябр беш аз 40 шаҳру ноҳияи кишвар нақшаи даъвати тирамоҳиро иҷро карда буданд. Он вақт нишондиҳандаи умумии иҷрои нақша 84 фоизро ташкил медод. Душанбе низ нақшаро дар 15 рӯзи аввали даъват иҷро кардааст. 📅 Маъракаи даъвати тирамоҳӣ 1 октябр оғоз шуда, то охири моҳи ноябр идома меёбад. Дар ин давра шаҳрвандони аз 18 то 27-сола, ки солҳои 1999–2008 таваллуд шудаанд, ба хизмати ҳарбӣ даъват мешаванд. 📲 Your.tj дар ➡️ Telegram / Facebook / Instagram / TikTok / Threads
Your Tajikistan
Subscribers
929
−1 24h
Reach per post (ERR)
10.0%93 avg views
Posting
19.4/day
last 23 hours ago
Reactions per 1K views
2.1
❤ 👍 🔥
Views over time
| When | Views |
|---|---|
| 21 Oct 2026, 10:09 | 0 |
| 13 Nov 2026, 11:16 | 85 |
Who shared this post
Posts in other channels we index that link to this one. (Forwards with a hidden source can't be traced.)
Nobody yet.