Суръати пасти интернет ба андозсупорандагони Тоҷикистон мушкил эҷод мекунад Кумитаи андози Тоҷикистон эътироф кардааст, ки суръати пасти интернет яке аз мушкилоти асосии шаҳрвандон ҳангоми истифодаи хизматрасониҳои электронии ин ниҳод мебошад. Нашрияи расмии Кумитаи андоз «Боҷу хироҷ» хабар додааст, ки ин масъала дар ҷаласаи васеи ҳайати мушовараи ниҳод ҳангоми баррасии натиҷаҳои фаъолияти нӯҳмоҳа мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтааст. Тибқи таҳлили гузаронидашуда, суръати пасти интернет ба пешниҳоди саривақтии эъломияҳои андоз, баҳисобгирии андозсупорандагон, гирифтани рақами мушаххаси андозсупоранда ва бақайдгирии ҳуҷраи шахсии андоз таъсир мерасонад. 📌 Илова бар ин, шаҳрвандон аз сатҳи нокифояи дониши касбии баъзе кормандони мақомоти андоз ва мураккаб будани истифодаи барномаҳои компютерӣ низ изҳори норозигӣ мекунанд. Кумитаи андоз гуфтааст, ки бо супориши Ҳукумат масъалаи баланд бардоштани сифати хизматрасониҳо, коҳиш додани таъсири омили инсонӣ ва таъмини иҷрои софдилонаи вазифаҳои кормандон зери назорати роҳбарияти ниҳод қарор дорад. 📱 Барои осон кардани иҷрои уҳдадориҳои андозӣ замимаи мобилии «Андози ман» низ роҳандозӣ шудааст. Тавассути он шаҳрвандон метавонанд беш аз 20 амалиёти марбут ба андозбандиро бидуни муроҷиати ҳузурӣ ба мақомоти андоз анҷом диҳанд. Бо вуҷуди изҳороти намояндагони Хадамоти алоқа дар бораи беҳтар шудани сифати интернет, суръати пасти он ҳамоно дар бахшҳои гуногун ва миёни аҳолӣ нигаронӣ ба бор меорад. 📲 Your.tj дар ➡️ Telegram / Facebook / Instagram / TikTok / Threads
Your Tajikistan
Subscribers
929
−1 24h
Reach per post (ERR)
10.0%93 avg views
Posting
19.4/day
last 23 hours ago
Reactions per 1K views
2.1
❤ 👍 🔥
Views over time
| When | Views |
|---|---|
| 21 Oct 2026, 06:49 | 0 |
| 13 Nov 2026, 11:16 | 76 |
Who shared this post
Posts in other channels we index that link to this one. (Forwards with a hidden source can't be traced.)
Nobody yet.