Your Tajikistan

@your_tj · news · Russian · active

Subscribers 929 Subscribers, last 30 days: 928 → 929 −1 24h
Reach per post (ERR) 10.0%93 avg views
Posting 19.3/day last 1 day ago
Reactions per 1K views 2.2 ❤ 👍 🔥
edited

🗿 Дар Хуҷанд нимпайкараи нахустин Президенти Тоҷикистонро гузоштанд Субҳи 21 октябр дар майдони «Ситораҳои Хуҷанд» аз нимпайкараи Қаҳҳор Маҳкамов, ходими давлатӣ ва сиёсии Тоҷикистон ва нахустин Президенти кишвар, пардабардорӣ шуд. Тавре хадамоти матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд хабар медиҳад, дар маросим раиси вилояти Суғд, раиси шаҳри Хуҷанд, намояндагони мақомоти давлатӣ, собиқадорони меҳнат, аҳли зиё, шахсиятҳои маъруф ва наздикони Қаҳҳор Маҳкамов иштирок доштанд. Зимни чорабинӣ аз фаъолияти сиёсиву давлатии ӯ ва саҳмаш дар рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон ёдоварӣ карданд. 📌 Қаҳҳор Маҳкамов 16 апрели соли 1932 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Баъди хатми Донишкадаи кӯҳкории Ленинград фаъолияти меҳнатиашро дар соҳаи саноати кӯҳӣ оғоз карда, баъдан ба корҳои роҳбарӣ ва давлатӣ гузашт. Ӯ солҳои 1985–1991 Котиби якуми Кумитаи марказии Ҳизби коммунисти Тоҷикистон буд. Соли 1990 Раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон интихоб шуда, моҳи ноябри ҳамон сол нахустин Президенти кишвар гардид. Маҳкамов то моҳи августи соли 1991 дар ин вазифа фаъолият кард. Баъд аз канор рафтан аз сиёсат ӯ солҳои зиёд узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон буд. Қаҳҳор Маҳкамов 8 июни соли 2016 дар синни 84-солагӣ даргузашт. 📲 Your.tj дар ➡️ Telegram / Facebook / Instagram / TikTok / Threads

Views over time

025507521 Oct 06:1513 Nov 11:167321 Oct 06:15: 0 views13 Nov 11:16: 73 views
Snapshots we took after posting.
WhenViews
21 Oct 2026, 06:150
13 Nov 2026, 11:1673

Who shared this post

Posts in other channels we index that link to this one. (Forwards with a hidden source can't be traced.)

Nobody yet.