🎬 Бори аввал дар Тоҷикистон филми бо зеҳни сунъӣ офаридашуда соҳиби ҷоизаи миллӣ гардид 19 октябри соли 2026, дар маросими Сеюмин синамоҷоизаи миллии «Тоҷи Сомон», ки дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, филми кӯтоҳи «Дузди Офтоб» (The Sun Thief), асари коргардони тоҷик Комилҷон Сафаров, дар номинатсияи «Беҳтарин филми бо зеҳни сунъӣ офаридашуда» соҳиби ҷоиза гардид. Ин нахустин ҷоизаи синамоӣ дар Тоҷикистон барои филмҳои бо истифода аз зеҳни сунъӣ офаридашуда буда, қадами нав дар самти эътирофи технологияҳои муосир дар кинематографияи миллӣ ба шумор меравад. Комилҷон Сафаров коргардон, муаллиф ва таҳиягар буда, беш аз 19 сол дар соҳаи телевизион, радио, синамо ва истеҳсоли маҳсулоти аудиовизуалӣ фаъолият мекунад. Ӯ муассис ва директори генералии ширкати «Ҳамсадо Медиа» мебошад. Қаблан дар Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» низ фаъолият доштааст. «Дузди Офтоб» филми кӯтоҳи бадеиест, ки бо истифода аз технологияҳои муосири зеҳни сунъӣ офарида шудааст. Филм саргузашти писарбачаи 11-сола бо номи Синоро қисса мекунад, ки дар деҳаи дурдасти кӯҳистон зиндагӣ дорад. Дар фасли зимистон нури офтоб ба кӯчаҳои деҳа намерасад. Сино ба хоҳари хурдиаш ваъда медиҳад, ки офтобро ба деҳа меорад. Барои амалӣ кардани ин ваъда ӯ роҳи ғайриодие пайдо мекунад. Асари мазкур мавзуъҳои меҳру муҳаббат, умед, садоқат ба ваъда ва орзуҳои кӯдаконаро инъикос мекунад. Дар раванди истеҳсоли филм технологияҳои зеҳни сунъӣ барои офаридани тасвирҳо ва саҳнаҳои ҳаракаткунанда истифода шудаанд. Идея, сенария, коргардонӣ ва коркарди ниҳоии филм аз ҷониби Комилҷон Сафаров амалӣ гардидааст. Ин филм дар баробари дигар корҳои эҷодии муаллиф, аз ҷумла филми кӯтоҳи «Пушти қатра», таҷрибаи истифодаи имкониятҳои нави технологиро дар кинематографияи тоҷик муаррифӣ мекунад. Соҳиб шудани «Дузди Офтоб» ба ин ҷоиза метавонад барои рушди филмсозии навоварона ва ҳавасмандгардонии эҷодкорони тоҷик ба истифодаи зеҳни сунъӣ заминаи нав фароҳам оварад. 📲 Your.tj дар ➡️ Telegram / Facebook / Instagram / TikTok / Threads
Your Tajikistan
Subscribers
929
−1 24h
Reach per post (ERR)
10.0%93 avg views
Posting
19.3/day
last 1 day ago
Reactions per 1K views
2.2
❤ 👍 🔥
Views over time
| When | Views |
|---|---|
| 20 Oct 2026, 09:43 | 0 |
| 13 Nov 2026, 11:16 | 91 |
Who shared this post
Posts in other channels we index that link to this one. (Forwards with a hidden source can't be traced.)
Nobody yet.