Муовини аввали Президенти Эрон барои иштирок дар нишасти СҲШ ба Душанбе омад Муҳаммадризо Ориф, муовини аввали Президенти Эрон, 19 октябр ба Тоҷикистон омад. Ҳадафи сафари ӯ иштирок дар ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳои Созмони ҳамкории Шонгҳой мебошад, ки 20 октябр дар Душанбе баргузор мегардад. Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Ҳоким Холиқзода, муовини аввали Сарвазири Тоҷикистон, меҳмони эрониро истиқбол гирифтааст. Тибқи иттилои хабаргузории «ИРНА», сафари Ориф ду рӯз идома мекунад. Дар назар аст, ки ӯ зимни сафар бо сарони ҳукуматҳои баъзе кишварҳои иштирокдори ҷаласаи СҲШ низ мулоқот намояд. Муовини аввали Президенти Эрон пеш аз сафар хабар додааст, ки кишвараш барои тавсеаи ҳамкорӣ бо Созмони ҳамкории Шонгҳой барномаи дусола омода кардааст. Ин барнома ба истифодаи имкониятҳои созмон дар соҳаҳои нақлиёт, технологияҳои муосир ва зеҳни сунъӣ равона шудааст. 📲 Your.tj дар ➡️ Telegram / Facebook / Instagram / TikTok / Threads
Your Tajikistan
Subscribers
929
−1 24h
Reach per post (ERR)
10.0%93 avg views
Posting
19.3/day
last 1 day ago
Reactions per 1K views
2.2
❤ 👍 🔥
Views over time
| When | Views |
|---|---|
| 19 Oct 2026, 09:39 | 0 |
| 13 Nov 2026, 11:16 | 84 |
Who shared this post
Posts in other channels we index that link to this one. (Forwards with a hidden source can't be traced.)
Nobody yet.