Your Tajikistan

@your_tj · news · Russian · active

Subscribers 929 Subscribers, last 30 days: 928 → 929 −1 24h
Reach per post (ERR) 10.0%93 avg views
Posting 19.2/day last 1 day ago
Reactions per 1K views 2.2 ❤ 👍 🔥

Дар соҳили обанбори «Роғун» беш аз 51 километр роҳ месозанд Дар соҳили чапи обанбори НБО-и «Роғун» дар масири Сайидон–Лабиҷар 51,4 километр роҳи мошингард бунёд карда мешавад. Шартномаи сохтмони ин роҳ имзо шудааст. Дар ин бора корхонаи «Тоҷикгидроэлектромонтаж» (ТГЭМ) 16 октябр хабар додааст. Лоиҳа сохтмони 51,4 километр роҳро дар бар гирифта, аз он 40,8 километр роҳи асосӣ ва 10,6 километр роҳҳои даромадгоҳӣ мебошанд. Интизор меравад, ки корҳои сохтмонӣ дар давоми се сол ба анҷом расанд. Арзиши умумии лоиҳа ҳанӯз эълон нашудааст. Маблағгузории он аз ҷониби Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ таъмин карда мешавад. Фармоишгари лоиҳа Муассисаи давлатии «Мудирияти минтақаи зериобшавандаи НБО-и “Роғун”» буда, иҷрои корҳои сохтмонӣ ба зиммаи ҶСК «Тоҷикгидроэлектромонтаж» гузошта шудааст. Ба гуфтаи масъулон, бунёди ин роҳ барои беҳтар шудани робитаҳои нақлиётӣ байни маҳалҳои аҳолинишини атрофи обанбори «Роғун» мусоидат мекунад. 📲 Your.tj дар ➡️ Telegram / Facebook / Instagram / TikTok / Threads

Views over time

025507510019 Oct 05:5813 Nov 11:169019 Oct 05:58: 0 views13 Nov 11:16: 90 views
Snapshots we took after posting.
WhenViews
19 Oct 2026, 05:580
13 Nov 2026, 11:1690

Who shared this post

Posts in other channels we index that link to this one. (Forwards with a hidden source can't be traced.)

Nobody yet.