Муфтии Тоҷикистон аз муҳоҷирон хост, бо оилаҳояшон пайваста дар тамос бошанд Муфтии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдуқодирзода аз муҳоҷирони тоҷик дар Русия даъват кардааст, ки ваҳдату ҳамдигарфаҳмиро нигоҳ доранд, ба ҳамдигар эҳтиром гузоранд, ҳамватанонро дастгирӣ кунанд ва ба насиҳатҳои волидон гӯш диҳанд. Дар ин бора Шӯрои уламои Тоҷикистон хабар медиҳад. Зимни мулоқот бо муҳоҷирон дар шаҳри Уфа рӯзи 15 октябр ӯ ҳамчунин ба масъулияти онҳо дар назди оила таъкид кардааст. Ба гуфтаи муфтӣ, муҳоҷирон бояд бо ҳамсарону фарзандони худ мунтазам суҳбат кунанд, дар тарбияи фарзандон саҳм гузоранд ва ба ниёзҳои онҳо таваҷҷуҳ зоҳир намоянд. Абдуқодирзода аз муҳоҷирон даъват кардааст, ки ба давлату миллати худ содиқ монанд, арзишҳои миллӣ ва забони модариро ҳифз кунанд. Қаблан, моҳи август, муфтӣ аз волидон хоста буд, ки ба зиндагии фарзандони дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарордошта таваҷҷуҳ кунанд, на танҳо аз онҳо пул талаб намоянд. Ӯ тавсия дода буд, ки падару модарон аз муҳити дӯстии фарзандон, шахсони атрофи онҳо ва мушкилоте, ки рӯ ба рӯ мешаванд, пурсон шаванд. 📲 Your.tj дар ➡️ Telegram / Facebook / Instagram / TikTok / Threads
Your Tajikistan
Subscribers
929
−1 24h
Reach per post (ERR)
10.0%93 avg views
Posting
19.2/day
last 1 day ago
Reactions per 1K views
2.2
❤ 👍 🔥
Views over time
| When | Views |
|---|---|
| 19 Oct 2026, 04:31 | 0 |
| 13 Nov 2026, 11:16 | 97 |
Who shared this post
Posts in other channels we index that link to this one. (Forwards with a hidden source can't be traced.)
Nobody yet.