⚡️ Ваколатҳои Алишер Мирзонабот дар Маҷлиси миллӣ қатъ гардид Ваколатҳои Алишер Мирзонабот, собиқ раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон, бинобар даргузашташ пеш аз муҳлат қатъ карда шуданд. Ӯ ҳамчунин аз вазифаи муовини раиси палатаи болоии Парлумон бозхонд гардид. Маҷлиси миллӣ ин қарорро 17 октябр, дар иҷлосияи ҳафтуми худ қабул кардааст. Алишер Мирзонабот моҳи июни соли ҷорӣ ҳамроҳи ҳамсар, духтари дусола, ёвар ва ронандааш ба дарёи Панҷ афтода буд. Баъдан ҷасади Мирзонабот, ҳамсар ва ёвару ронандаи ӯ пайдо шуд. Аммо бо гузашти беш аз чор моҳ аз ин ҳодиса, то ҳол пайкари духтари дусолаи собиқ раиси ВМКБ ёфт нашудааст. 📲 Your.tj дар ➡️ Telegram / Facebook / Instagram / TikTok / Threads
Your Tajikistan
Subscribers
929
−1 24h
Reach per post (ERR)
10.0%93 avg views
Posting
19.2/day
last 1 day ago
Reactions per 1K views
2.2
❤ 👍 🔥
Views over time
| When | Views |
|---|---|
| 19 Oct 2026, 04:19 | 0 |
| 13 Nov 2026, 11:16 | 83 |
Who shared this post
Posts in other channels we index that link to this one. (Forwards with a hidden source can't be traced.)
Nobody yet.