Your Tajikistan

@your_tj · active

Subscribers 929 tracking since 13 Nov
Reach per post (ERR) 9.9%92 avg views
Posting 21.0/day last 11 minutes ago
Reactions per 1K views 2.0 ❤ 👍 🔥

Филми бадеии "Хуршеду Моҳ" на фақат дар бораи ишқи поке як ҷуфт қисса мекунад, балки ба масъалаҳои ҳалталаби ҳаёти имрӯза низ дахл дорад. Он то ҳадде бозгӯ мекунад, ки алҳол ҷавонони тоҷик чӣ гуна барои ишқварзиву сарнавиштсозӣ, ҳифзи муносибатҳои хонаводагӣ, дӯстиву рафоқат қадам мегузоранд. Муҳтавои филм барои тамошобин ҳушдор медиҳад, ки агар бо боварҳои кӯҳна мубориза набарем, пеши роҳи поймолшавии ҳуқуқҳои духтарону занонро нагирем, барои ба муроди дил расидан талош наварзем, ба чӣ пайомадҳои зиндагӣ мерасем. Чанд рӯз пеш бахшида ба Рӯзи кинои тоҷик, ки ҳамасола санаи 16-уми октябр таҷлил мешавад, дар толори Қасри ҷавонони шаҳри Хуҷанд филми "Хуршеду Моҳ" рӯнамоӣ шуд. Филми мазкур маҳсули ҳамкории муштараки Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” ва студияи хусусии “Зардил” буда, дар нахустнамоиши он созандагонаш низ ҳузур доштанд. Муаллифи Your.tj низ филми "Хуршеду Моҳ" - ро тамошо кард ва перомуни он фикру назари таҳиягарон ва тамошобинонро пурсид. https://your.tj/tj/history/ishq-az-pasi-shisha-nahustnamoishi-filmi-hurshedu-moh-dar-hujand

Views over time

05010015016 Oct 13:4613 Nov 11:1612516 Oct 13:46: 0 views13 Nov 11:16: 125 views
Snapshots we took after posting.
WhenViews
16 Oct 2026, 13:460
13 Nov 2026, 11:16125

Who shared this post

Posts in other channels we index that link to this one. (Forwards with a hidden source can't be traced.)

Nobody yet.