Олмон ҳамшираҳои шафқатро аз Тоҷикистон ба кор даъват мекунад Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон барои ҷалби занони дорои маълумоти тиббӣ ҷиҳати кор ба ҳайси ҳамшираи шафқат дар Олмон озмун эълон кардааст. Дар ин бора ниҳод 15 октябр хабар дод. 📋 Талабот ба довталабон: - Диплом аз рӯйи ихтисоси «Кори ҳамширагӣ»; - Аз 2 то 3 сол собиқаи корӣ; - Донистани забони олмонӣ дар сатҳи B2; - Ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи таҳсилот ва собиқаи корӣ. 💶 Маоши пешниҳодшаванда аз 2400 евро дар як моҳ оғоз мешавад. 📍 Занони хоҳишманд барои гирифтани маълумоти бештар ва супоридани ҳуҷҷатҳо метавонанд ба Маркази машварат ва омодагии пеш аз сафари меҳнатии Хадамоти муҳоҷират муроҷиат кунанд. 🏢 Суроға: шаҳри Душанбе, кӯчаи Айнӣ, 121 📞 Телефон: 225-05-75 🕗 Соати корӣ: аз душанбе то ҷумъа, аз 08:00 то 17:00. 📲 Your.tj дар ➡️ Telegram / Facebook / Instagram / TikTok / Threads
Your Tajikistan
Subscribers
929
−1 24h
Reach per post (ERR)
10.0%93 avg views
Posting
19.1/day
last 1 day ago
Reactions per 1K views
2.2
❤ 👍 🔥
Views over time
| When | Views |
|---|---|
| 16 Oct 2026, 12:57 | 0 |
| 13 Nov 2026, 11:16 | 84 |
Who shared this post
Posts in other channels we index that link to this one. (Forwards with a hidden source can't be traced.)
Nobody yet.