Your Tajikistan

@your_tj · news · Russian · active

Subscribers 929 Subscribers, last 30 days: 928 → 929 −1 24h
Reach per post (ERR) 10.0%93 avg views
Posting 19.1/day last 1 day ago
Reactions per 1K views 2.2 ❤ 👍 🔥

⚡️ Дар Санкт-Петербург маҳдудиятҳои кори муҳоҷиронро зиёд карданд Мақомоти Санкт-Петербург дар Русия рӯйхати соҳаҳоеро зиёд карданд, ки корфармоён ҳақ надоранд дар онҳо шаҳрвандони хориҷии дорои патенти меҳнатиро ба кор гиранд. Тибқи иттилои расонаҳои русиягии «Деловой Петербург» ва «Ведомости. Северо-Запад», маҳдудиятҳо ба савдои чакана, марказҳои фитнес, иншооти варзишӣ, сартарошхонаҳо, салонҳои зебоӣ ва баъзе хизматрасониҳои тиббиву солимгардонӣ дахл доранд. Кадом соҳаҳо ба рӯйхати маҳдудиятҳо дохил шуданд? Аз ҷумла, корфармоён наметавонанд дар мағозаҳои фурӯши маҳсулоти хӯрокворӣ, нӯшокиҳо ва маҳсулоти тамоку, инчунин нуқтаҳои махсуси фурӯши меваю сабзавот, гӯшт, моҳӣ, нон ва маҳсулоти қаннодӣ муҳоҷирони дорои патентро ба кор гиранд. Маҳдудиятҳо ҳамчунин клубҳои варзишӣ, марказҳои фитнес ва баъзе самтҳои таҳсилоти варзиширо фаро мегиранд. Корфармоён бояд шумораи кормандони хориҷии худро то 15 декабри соли 2026 ба талаботи нав мутобиқ созанд. Қарори мазкур баъди 10 рӯзи интишори расмӣ эътибор пайдо мекунад. Рӯйхати нави соҳаҳо 15 октябр нашр шудааст. Маҳдудиятҳо ба кӣ дахл надоранд? Ин қоидаҳо шаҳрвандони кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё — Беларус, Қазоқистон, Арманистон ва Қирғизистонро дар бар намегиранд. Ҳамчунин, маҳдудиятҳо нисбат ба шаҳрвандони хориҷие, ки иҷозатномаи кор доранд, аз ҷумла мутахассисони баландихтисос, татбиқ намешаванд. Мақомоти шаҳр ҳадафи ин тадбирҳоро мубориза бо шуғли ғайрирасмӣ ва танзими ҷалби нерӯи кории хориҷӣ арзёбӣ мекунанд. Қаблан, моҳи декабри соли 2025, губернатори Санкт-Петербург Александр Беглов барои соли 2026 ҷалби кормандони дорои патентро ба соҳаҳои таксӣ ва расонидани фармоишҳо манъ карда буд. 📲 Your.tj дар ➡️ Telegram / Facebook / Instagram / TikTok / Threads

Views over time

025507516 Oct 09:4613 Nov 11:167616 Oct 09:46: 0 views13 Nov 11:16: 76 views
Snapshots we took after posting.
WhenViews
16 Oct 2026, 09:460
13 Nov 2026, 11:1676

Who shared this post

Posts in other channels we index that link to this one. (Forwards with a hidden source can't be traced.)

Nobody yet.