Эмомалӣ Раҳмон: Тоҷикистон барои ҳифзи табиат 25 қонун қабул кардааст Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 16 октябр дар шаҳри Еревани Арманистон дар Саммити сарони давлатҳо оид ба гуногунии биологӣ суханронӣ кард. Сарвари давлат ҳифзи муҳити зистро яке аз самтҳои муҳими рушди кишвар номида, изҳор дошт, ки дар Тоҷикистон дар ин соҳа 25 қонун ва як қатор санадҳои стратегӣ қабул шудаанд. Аз ҷумла, Стратегияи миллии ҳифз ва истифодаи оқилонаи гуногунии биологӣ то соли 2040 амалӣ мегардад. Тоҷикистон ҳамчунин ба 11 конвенсияи байналмилалии экологӣ ҳамроҳ шудааст. Эмомалӣ Раҳмон ба зарурати ҳифзи намудҳои нодири ҳайвонот ва наботот таваҷҷуҳ зоҳир кард. Бо ташаббуси Тоҷикистон Созмони Милали Муттаҳид 24 майро Рӯзи байналмилалии ҳайвони нодири кӯҳистон эълон кардааст. Ба гуфтаи президент, тағйирёбии иқлим, харобшавии муҳити табиии зист ва истифодаи ғайриоқилонаи замин аз ҷумлаи таҳдидҳои асосии экологӣ мебошанд. Ӯ инчунин зарурати такмили низоми баҳисобгирӣ ва назорати намудҳои нодир ва муттаҳид намудани талошҳои кишварҳоро барои ҳифзи табиат таъкид намуд. Дар идомаи суханронӣ сарвари давлат аз ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи об ва иқлим ёдовар шуд. Соли 2028 дар Душанбе Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои об баргузор мегардад, ки натиҷаҳои Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» (солҳои 2018–2028)-ро ҷамъбаст мекунад. Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин ташаббусҳои Тоҷикистонро дар самти ҳифзи пиряхҳо зикр кард. Соли 2025 бо қарори СММ Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон шуда, 21 март ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо муқаррар гардид. Дар анҷоми суханронӣ президент изҳори умедворӣ кард, ки саммит ба таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ дар самти ҳифзи гуногунии биологӣ ва ҳалли дигар мушкилоти экологӣ мусоидат мекунад. 📲 Your.tj дар ➡️ Telegram / Facebook / Instagram / TikTok / Threads
Your Tajikistan
Subscribers
929
−1 24h
Reach per post (ERR)
10.0%93 avg views
Posting
19.1/day
last 1 day ago
Reactions per 1K views
2.1
❤ 👍 🔥
Views over time
| When | Views |
|---|---|
| 16 Oct 2026, 09:10 | 0 |
| 13 Nov 2026, 11:16 | 63 |
Who shared this post
Posts in other channels we index that link to this one. (Forwards with a hidden source can't be traced.)
Nobody yet.