Your Tajikistan

@your_tj · news · Russian · active

Subscribers 929 Subscribers, last 30 days: 928 → 929 −1 24h
Reach per post (ERR) 10.0%93 avg views
Posting 19.1/day last 1 day ago
Reactions per 1K views 2.1 ❤ 👍 🔥
edited

Навзоди аз таваллудхонаи №1-и Душанбе гумшуда пайдо шуд Кӯдаки навзоде, ки чанд рӯз пеш аз таваллудхонаи №1-и Душанбе ғайб зада буд, зиндаву саломат пайдо шуда, ба модараш супурда шудааст. Дар ин бора Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе хабар дод. Айни замон писарбача дар амон буда, дар паҳлӯи модараш қарор дорад. Аммо мақомоти милитсия ҳанӯз дар бораи макон ва шароити пайдо шудани кӯдак маълумот надодаанд.Қарор аст, ҷузъиёти ҳодиса баъдтар расман эълон шавад. Ёдовар мешавем, ки 11 октябр Мавзуна Акрамоваи 19-сола, сокини ноҳияи Нуробод, дар Пажӯҳишгоҳи илмии акушерӣ, гинекологӣ ва перинатологии Тоҷикистон, ки бо номи таваллудхонаи №1 маъруф аст, фарзанди нахустинашро ба дунё овард. Ба гуфтаи наздикони оила, тақрибан соати 01:00-и шаби 12 октябр навзод аз муассисаи тиббӣ ғайб задааст. Дар бораи ин ҳодиса кормандони таваллудхона ба хонавода хабар додаанд. Субҳи 13 октябр маъмурияти муассисаи тиббӣ ғайб задани кӯдакро тасдиқ кард. Ҷустуҷӯи навзодро кормандони милитсия ба роҳ монда буданд. То ҳол маълум нест, ки кӣ ва дар кадом шароит кӯдакро аз таваллудхона берун бурдааст. 📲 Your.tj дар ➡️ Telegram / Facebook / Instagram / TikTok / Threads

Views over time

025507510016 Oct 03:3213 Nov 11:168716 Oct 03:32: 0 views13 Nov 11:16: 87 views
Snapshots we took after posting.
WhenViews
16 Oct 2026, 03:320
13 Nov 2026, 11:1687

Who shared this post

Posts in other channels we index that link to this one. (Forwards with a hidden source can't be traced.)

Nobody yet.