Your Tajikistan

@your_tj · news · Russian · active

Subscribers 929 Subscribers, last 30 days: 928 → 929 −1 24h
Reach per post (ERR) 10.0%93 avg views
Posting 19.1/day last 1 day ago
Reactions per 1K views 2.1 ❤ 👍 🔥
edited

Қонуни нави муҳоҷират дар Тоҷикистон: ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирон ва рақамикунонии равандҳо Парлумони Тоҷикистон 7 октябр тарҳи қонуни нави «Дар бораи муҳоҷират»-ро қабул кард. Санади мазкур ба ҳифзи бештари ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатии тоҷик ва аъзои оилаи онҳо, танзими фаъолияти ширкатҳои хусусии шуғлёбӣ дар хориҷ ва рақамикунонии равандҳои муҳоҷират равона шудааст. Дар ин бора нашрияи парлумонии «Садои мардум» хабар медиҳад. Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Солеҳа Холмаҳмадзода зимни баррасии тарҳ дар ҷаласаи парлумон изҳор доштааст, ки қонуни соли 1999 қабулшуда дигар ба талаботи замони ҳозира ҷавобгӯ нест. Ба гуфтаи вазир, қабули санади нав бояд ба коҳиши муҳоҷирати ғайриқонунӣ, таъмини шаффофияти равандҳо ва таъсиси низоми ягонаи иттилоотии муҳоҷират мусоидат кунад. Дар тарҳи қонун масъалаҳои ҳамгироии дубораи муҳоҷирон ба ҷомеа пас аз бозгашт, тартиби бозгардонии онҳо, ба назар гирифтани хусусиятҳои гендерӣ ва ҳифзи гурӯҳҳои осебпазир низ пешбинӣ шудаанд. Аз Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ хабар доданд, ки қонуни соли 1999 пас аз тасдиқи санади нав аз ҷониби Маҷлиси миллӣ, имзои Президенти Тоҷикистон ва нашри расмии он бекор карда мешавад. 📲 Your.tj дар ➡️ Telegram / Facebook / Instagram / TikTok / Threads

Views over time

025507510015 Oct 11:2313 Nov 11:168715 Oct 11:23: 0 views13 Nov 11:16: 87 views
Snapshots we took after posting.
WhenViews
15 Oct 2026, 11:230
13 Nov 2026, 11:1687

Who shared this post

Posts in other channels we index that link to this one. (Forwards with a hidden source can't be traced.)

Nobody yet.