Муҳлати сабти номи хориҷиён дар Тоҷикистон то 15 рӯзи корӣ дароз карда мешавад Дар Тоҷикистон пешниҳод шудааст, ки муҳлати сабти номи шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд пас аз ворид шудан ба кишвар аз 10 то 15 рӯзи корӣ зиёд карда шавад. Лоиҳаи тағйиротро Маҷлиси намояндагон баррасӣ кардааст. Тавре рӯзномаи парлумонии «Садои мардум» хабар медиҳад, масъала 7 октябр дар ҷаласаи иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагон муҳокима шудааст. Лоиҳаро муовини вазири корҳои дохилӣ Баҳодур Холиқзода муаррифӣ кардааст. Тағйирот ба қисми дуюми моддаи 5-и Қонун «Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дахл дошта, иваз кардани рақами «10» бо «15»-ро пешбинӣ мекунад. Ба гуфтаи Холиқзода, ҳадафи ин иқдом осон кардани будубоши шаҳрвандони хориҷӣ, рушди сайёҳӣ ва фароҳам овардани шароити муносиб барои меҳмонони кишвар мебошад. 📲 Your.tj дар ➡️ Telegram / Facebook / Instagram / TikTok / Threads
Your Tajikistan
Subscribers
929
−1 24h
Reach per post (ERR)
10.0%93 avg views
Posting
19.1/day
last 1 day ago
Reactions per 1K views
2.1
❤ 👍 🔥
Views over time
| When | Views |
|---|---|
| 15 Oct 2026, 07:14 | 0 |
| 13 Nov 2026, 11:16 | 91 |
Who shared this post
Posts in other channels we index that link to this one. (Forwards with a hidden source can't be traced.)
Nobody yet.