Your Tajikistan

@your_tj · news · Russian · active

Subscribers 929 Subscribers, last 30 days: 928 → 929 −1 24h
Reach per post (ERR) 10.0%93 avg views
Posting 19.1/day last 1 day ago
Reactions per 1K views 2.1 ❤ 👍 🔥

Аз як таҳхона дар Душанбе 1,1 тонна маҳсулоти гӯштӣ мусодира шуд Дар ноҳияи Синои Душанбе ҳолати коркард ва фурӯши маҳсулоти гӯштӣ дар шароити ғайрисанитарӣ ошкор шудааст. Дар ин бора Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад. Ба иттилои манбаъ, сокини 38-солаи пойтахт Мақсудҷон Носиров дар таҳхонаи манзили худ, воқеъ дар кӯчаи Зафар, дастгоҳи хунуккунии худсохт насб карда, дар он маҳсулоти гуногуни гӯштиро нигоҳдорӣ ва коркард мекардааст. Маҳсулоти мазкур баъдан ба муштариёни доимӣ фурӯхта мешудааст. Зимни санҷиш аз ин макон 1 тонна шуши гов, 100 кило равғани гов, 40 кило сари гов ва 35 кило пои гов мусодира шудааст. Мақомоти милитсия хабар медиҳанд, ки маҳсулот дар шароити ғайрисанитарӣ нигоҳ дошта мешуд. Аз рӯйи ҳодиса маводи зарурӣ тартиб дода шуда, санҷиши пешакӣ идома дорад. 📲 Your.tj дар ➡️ Telegram / Facebook / Instagram / TikTok / Threads

Views over time

025507510015 Oct 06:5913 Nov 11:168515 Oct 06:59: 0 views13 Nov 11:16: 85 views
Snapshots we took after posting.
WhenViews
15 Oct 2026, 06:590
13 Nov 2026, 11:1685

Who shared this post

Posts in other channels we index that link to this one. (Forwards with a hidden source can't be traced.)

Nobody yet.