Your Tajikistan

@your_tj · news · Russian · active

Subscribers 929 Subscribers, last 30 days: 928 → 929 −1 24h
Reach per post (ERR) 10.0%93 avg views
Posting 19.1/day last 1 day ago
Reactions per 1K views 2.1 ❤ 👍 🔥

Пас аз муноқиша дар бозии футбол дар Хатлон 17 мухлис панҷ шабонарӯз ҳабс шуданд Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхии вилояти Хатлон 17 мухлиси футбол барои вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ ҳангоми бозии дастаҳои «Сарой Камар» ва «Панҷшер» ба муҳлати панҷ шабонарӯзӣ ба ҳабси маъмурӣ гирифта шуданд. Дар ин бора Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон хабар додааст. Бози 13 октябр баргузор шуда, бо ҳисоби мусовии 1:1 анҷом ёфт. Баъдан дар шабакаҳои иҷтимоӣ навори муноқиша ва бетартибиҳо миёни мухлисон паҳн гардид. Пас аз нашри навор кормандони милитсия иштирокчиёни ҳодисаро муайян карда, ба шуъбаи корҳои дохилӣ бурданд. Нисбат ба онҳо тибқи моддаи 460 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон протокол тартиб дода шуд. Бо қарори суд ҳар кадоми онҳо ба муҳлати панҷ шабонарӯз ҳабс гардиданд. Раёсати ВКД дар Хатлон таъкид кардааст, ки муноқиша ва вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ ҳангоми чорабиниҳои варзишӣ тибқи қонун боиси ҷавобгарӣ мегардад. 📲 Your.tj дар ➡️ Telegram / Facebook / Instagram / TikTok / Threads

Views over time

025507515 Oct 03:4513 Nov 11:167815 Oct 03:45: 0 views13 Nov 11:16: 78 views
Snapshots we took after posting.
WhenViews
15 Oct 2026, 03:450
13 Nov 2026, 11:1678

Who shared this post

Posts in other channels we index that link to this one. (Forwards with a hidden source can't be traced.)

Nobody yet.