Your Tajikistan

@your_tj · news · Russian · active

Subscribers 929 Subscribers, last 30 days: 928 → 929 −1 24h
Reach per post (ERR) 10.0%93 avg views
Posting 19.1/day last 1 day ago
Reactions per 1K views 2.1 ❤ 👍 🔥

Кадом касбҳо имрӯз дар бозори меҳнати Тоҷикистон талабот доранд? Дар куҷо метавон касби нав омӯхт, малакаҳои худро такмил дод ва барои пайдо кардани ҷойи кор омода шуд? Дар подкасти нав дар доираи лоиҳаи «Беҳтарсозии малакаҳои касбӣ ва имкониятҳои бокортаъминшавӣ» дар бораи имкониятҳои касбомӯзӣ ва натиҷаҳои фаъолияти марказҳои рушди малакаҳо суҳбат мекунем. Чанд нафар аз омӯзишҳо баҳра бурданд ва кадом касбҳоро аз худ карданд? Барои ҷалби занон ба касбомӯзӣ чӣ гуна шароит фароҳам оварда шудааст? Оё таҷриба ва малакаҳои қаблан андӯхтаро бе таҳсили такрорӣ расман тасдиқ кардан мумкин аст? Ва пас аз хатми курсҳо барои бо кор таъмин шудани хатмкунандагон чӣ гуна дастгирӣ пешбинӣ шудааст? Ба ин ва дигар саволҳо Савринисо Пирзода, мутахассиси робита бо ҷомеа ва Озар Бахтиёров, ҳамоҳангсози омӯзиши лоиҳа, посух медиҳанд. Лоиҳаи «Беҳтарсозии малакаҳои касбӣ ва имкониятҳои бокортаъминшавӣ» аз ҷониби Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Бонки Осиёии Рушд амалӣ мегардад. Подкастро тамошо кунед ва аз имкониятҳои касбомӯзӣ бештар огоҳ шавед. https://your.tj/tj/podcasts/az-kasbomuzi-to-joyi-kor-chi-guna-metavon-sohibi-kasb-shud-va-joyi-kor-paydo-kard

Views over time

05010014 Oct 14:0113 Nov 11:1610414 Oct 14:01: 0 views13 Nov 11:16: 104 views
Snapshots we took after posting.
WhenViews
14 Oct 2026, 14:010
13 Nov 2026, 11:16104

Who shared this post

Posts in other channels we index that link to this one. (Forwards with a hidden source can't be traced.)

Nobody yet.