Эмомалӣ Раҳмон санҷиши фаъолияти соҳибкоронро то соли 2029 маҳдуд кард Дар Тоҷикистон мораторий ба санҷиши фаъолияти соҳибкорон боз ду соли дигар тамдид карда шуд. Акнун ин маҳдудият то 1 январи соли 2029 амал мекунад. Истисно танҳо мақомоти андоз мебошанд. Эмомалӣ Раҳмон, Президенти кишвар, ин тасмимро 14 октябр зимни мулоқот бо сармоягузорон ва соҳибкорон дар Кохи Ваҳдати Душанбе эълон кард. Тибқи иттилои хадамоти матбуоти Президент, ҳадафи ин иқдом фароҳам овардани шароити мусоид барои соҳибкорону сармоягузорон ва дастгирии минбаъдаи соҳибкории хурду миёна мебошад. Моратории қаблӣ аз 10 январи соли 2025 то 1 январи соли 2027 муқаррар шуда буд. Ҳамчунин, Президент ба сохторҳои масъул супориш додааст, ки якҷо бо дигар мақомоти дахлдор риояи талаботи мораторий ва тартиби гузаронидани санҷишҳои фаъолияти соҳибкориро мунтазам назорат кунанд. 📲 Your.tj дар ➡️ Telegram / Facebook / Instagram / TikTok / Threads
Your Tajikistan
Subscribers
929
−1 24h
Reach per post (ERR)
10.0%93 avg views
Posting
19.1/day
last 1 day ago
Reactions per 1K views
2.1
❤ 👍 🔥
Views over time
| When | Views |
|---|---|
| 14 Oct 2026, 11:59 | 0 |
| 13 Nov 2026, 11:16 | 75 |
Who shared this post
Posts in other channels we index that link to this one. (Forwards with a hidden source can't be traced.)
Nobody yet.