Your Tajikistan

@your_tj · news · Russian · active

Subscribers 929 Subscribers, last 30 days: 928 → 929 −1 24h
Reach per post (ERR) 10.0%93 avg views
Posting 19.1/day last 1 day ago
Reactions per 1K views 2.1 ❤ 👍 🔥
edited

Дар Тоҷикистон назорати пардохти маош пурзӯр мешавад Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон тасмим дорад назоратро аз болои пардохти саривақтии музди меҳнат, риояи қонунгузории меҳнат ва таъмини бехатарии кормандон дар ҷойи кор тақвият диҳад. Ин масъалаҳо 13 октябр дар ҷаласаи ҳайати мушовараи вазорат бо роҳбарии вазир Солеха Холмаҳмадзода баррасӣ шуданд. Дар ҷаласа ба масъалаи муҳоҷирати меҳнатӣ низ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид. Аз ҷумла, дастгирии шаҳрвандоне, ки аз хориҷ ба кишвар бармегарданд, бо ҷойи кор таъмин намудани онҳо дар Тоҷикистон ва фароҳам овардани имкониятҳои бештар барои бо роҳи муташаккилона ба кор рафтани шаҳрвандон ба хориҷи кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Ҳамчунин, иштирокдорон масъалаҳои омӯзиши касбии аҳолӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, пешгирии ҳодисаҳои нохуш дар истеҳсолот ва ҳифзи ҳуқуқҳои меҳнатии шаҳрвандонро муҳокима карданд. Дар ҷамъбасти ҷаласа Солеха Холмаҳмадзода ба роҳбарони сохторҳои дахлдор супориш дод, ки камбудиҳои ошкоршударо бартараф намуда, иҷрои барномаҳои соҳавиро таҳти назорати ҷиддӣ қарор диҳанд ва барои амалӣ шудани вазифаҳои гузошташуда то охири сол чораҳои зарурӣ андешанд. 📲 Your.tj дар ➡️ Telegram / Facebook / Instagram / TikTok / Threads

Views over time

02040608014 Oct 07:1413 Nov 11:167014 Oct 07:14: 0 views13 Nov 11:16: 70 views
Snapshots we took after posting.
WhenViews
14 Oct 2026, 07:140
13 Nov 2026, 11:1670

Who shared this post

Posts in other channels we index that link to this one. (Forwards with a hidden source can't be traced.)

Nobody yet.