Your Tajikistan

@your_tj · news · Russian · active

Subscribers 929 Subscribers, last 30 days: 928 → 929 −1 24h
Reach per post (ERR) 10.0%93 avg views
Posting 19.1/day last 1 day ago
Reactions per 1K views 2.1 ❤ 👍 🔥

17 октябр дар Душанбе ҷашни Меҳргон ва ярмаркаи маҳсулоти кишоварзӣ баргузор мешавад Рӯзи 17 октябр дар Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон ва фестивал-ярмаркаи маҳсулоту техникаи кишоварзӣ баргузор мегардад. Чорабинӣ соати 09:00 оғоз мешавад. Дар доираи ҷашн чандин намоишу фестивали соҳавӣ баргузор хоҳад шуд, аз ҷумла: 🔹Фестивали занбӯриасалпарварон бо намоиш ва фурӯши асал; 🔹 Ҷашни себу ангур; 🔹Намоиш ва фурӯши оши палаву биринҷ; 🔹 Ҷашни тарбуз, харбуза ва каду. Кишоварзон аз минтақаҳои гуногуни кишвар маҳсулоти худро, аз ҷумла биринҷ, асал, сабзавоту меваҷотро ба намоиш ва фурӯш мегузоранд. Ҳамчунин, ошпазони моҳир таомҳои миллиро омода карда, ҳунармандони мардумӣ маҳсули дастони худро пешниҳод мекунанд. Вазорати кишоварзӣ иттилоъ додааст, ки маҳсулот дар ярмарка бо нархҳои дастрас ба фурӯш бароварда мешаванд. Ёдовар мешавем, ки тибқи қарори Ҳукумати Тоҷикистон аз 5 августи соли 2009 Меҳргон ҳамчун ҷашни миллӣ эътироф шуда, ҳамасола дар саросари кишвар таҷлил мегардад. Меҳргон дар баробари Наврӯз, Сада ва Тиргон аз ҷумлаи ҷашнҳои қадимаи миллии тоҷикон ба шумор меравад. 📲 Your.tj дар ➡️ Telegram / Facebook / Instagram / TikTok / Threads

Views over time

025507510014 Oct 03:3513 Nov 11:169014 Oct 03:35: 0 views13 Nov 11:16: 90 views
Snapshots we took after posting.
WhenViews
14 Oct 2026, 03:350
13 Nov 2026, 11:1690

Who shared this post

Posts in other channels we index that link to this one. (Forwards with a hidden source can't be traced.)

Nobody yet.