Эмомалӣ Раҳмон дар Шаҳринав 6 иншооти навро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ кард 13 октябр Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ ба ноҳияи Шаҳринав 6 иншооти таъиноти гуногунро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуд. Пас аз шиносоӣ бо шароити иншооти навбунёд Сарвари давлат ба масъулон ҷиҳати идомаи корҳои ободонӣ, бунёди муассисаҳои таълимӣ ва корхонаҳои саноатӣ, беҳтар кардани шароити зиндагии сокинони деҳот ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ дастуру супоришҳо дод. Ҳамчунин, ба масъалаи тарбияи ватандӯстии насли наврас таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд. Ба иттилои расмӣ, ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳринав сохтмони 297 иншоот ба нақша гирифта шуда буд. Аммо то таҷлили ҷашн дар ноҳия 318 иншооти гуногун, аз ҷумла корхонаҳои истеҳсолӣ ва иншооти соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва фарҳанг сохта, ба истифода дода шудааст. Ҳамин тариқ, нақшаи пешбинишуда дар ин самт 108 фоиз иҷро гардидааст. 📲 Your.tj дар ➡️ Telegram / Facebook / Instagram / TikTok / Threads
Your Tajikistan
Subscribers
929
−1 24h
Reach per post (ERR)
10.0%93 avg views
Posting
19.1/day
last 1 day ago
Reactions per 1K views
2.1
❤ 👍 🔥
Views over time
| When | Views |
|---|---|
| 13 Oct 2026, 08:31 | 0 |
| 13 Nov 2026, 11:16 | 87 |
Who shared this post
Posts in other channels we index that link to this one. (Forwards with a hidden source can't be traced.)
Nobody yet.