⚡️ Вазири энергетика барои коҳиш додани талафоти барқ ва пешгирии садамаҳо дастур дод Дар ҶСК «Шабакаҳои интиқоли барқ» натиҷаҳои фаъолияти истеҳсолӣ ва молиявии ширкат дар нуҳ моҳи соли 2026 ҷамъбаст гардиданд. Ҷаласа 13 октябр дар Душанбе бо иштироки вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Далер Ҷумъа баргузор шуд. Дар он намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон Ҷамшед Бобозода, директори генералии ширкат Мирзо Маҳмудзода, намояндагони сохторҳои соҳавӣ, роҳбарони филиалҳо ва кормандони масъул иштирок карданд. Зимни ҷаласа муовини директори генералӣ ва дигар масъулон оид ба натиҷаҳои фаъолияти ширкат дар давраи ҳисоботӣ маълумот пешниҳод намуданд. Далер Ҷумъа ба масъалаи омодагии зеристгоҳҳо ва шабакаҳои интиқоли барқ ба мавсими тирамоҳу зимистон таваҷҷуҳи хос зоҳир кард. Ӯ ба масъулон супориш дод, ки барои коҳиш додани сарбории зеристгоҳҳо, таъмини кори устувори таҷҳизот ва кам кардани талафоти нерӯи барқ чораҳои зарурӣ андешанд. Ҳамчунин, зарурати пешгирии қатъшавиҳои технологӣ, вокуниши фаврӣ ба садамаҳо ва ҳарчи зудтар бартараф намудани оқибатҳои онҳо таъкид гардид 📲 Your.tj дар ➡️ Telegram / Facebook / Instagram / TikTok / Threads
Your Tajikistan
Subscribers
929
−1 24h
Reach per post (ERR)
10.0%93 avg views
Posting
19.1/day
last 1 day ago
Reactions per 1K views
2.1
❤ 👍 🔥
Views over time
| When | Views |
|---|---|
| 13 Oct 2026, 08:23 | 0 |
| 13 Nov 2026, 11:16 | 79 |
Who shared this post
Posts in other channels we index that link to this one. (Forwards with a hidden source can't be traced.)
Nobody yet.