Дар Душанбе навзод аз таваллудхона гум шудааст Дар Пажӯҳишгоҳи илмию тадқиқотии акушерӣ, гинекологӣ ва перинатологии шаҳри Душанбе, ки қаблан таваллудхонаи №1 ном дошт, навзод гум шудааст. Дар ин бора Asia-Plus бо такя ба маълумоти бибии кӯдак хабар медиҳад. Ба гуфтаи наздикон, Мавзуна Акрамоваи 19-сола, сокини ноҳияи Нуробод, 11 октябр тақрибан соати 10:00 фарзанди нахустини худро ба дунё овардааст. Писарбача солим таваллуд шудааст. Субҳи 12 октябр ба хонавода хабар додаанд, ки кӯдак тақрибан соати яки шаб бедарак шудааст. Дар муассисаи тиббӣ гум шудани навзодро тасдиқ кардаанд. Масъулон гуфтаанд, ки вазъият зери назорат буда, баъзе ҷузъиёти ҳодиса аллакай муайян шудаанд. Қарор аст маълумоти бештар пас аз пайдо кардани кӯдак ва ба оила супоридани ӯ пешниҳод шавад. Моҳпарӣ Акрамова, хушдомани модари ҷавон, гуфтааст, ки тибқи маълумоти ба наздикон расида, гӯё дар навори камераи назоратӣ дида мешавад, ки як корманди муассисаи тиббӣ, эҳтимолан санитарка, кӯдакро гирифта, аз он ҷо меравад. Моҳпарӣ Акрамова аз ҳодисаи рухдода изҳори нигаронӣ намуда, ба кормандони милитсия, ки ба гуфтаи ӯ, ҳатто шабона ҷустуҷӯи кӯдакро идома додаанд, изҳори сипос кардааст. Ба гуфтаи наздикони оила, дар шуъбаи милитсияи №6 беш аз 15 нафар пурсида мешаванд. Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе хабар додааст, ки ҳолатҳои ҳодиса мавриди санҷиш қарор доранд. 📲 Your.tj дар ➡️ Telegram / Facebook / Instagram / TikTok / Threads
Your Tajikistan
Subscribers
929
−1 24h
Reach per post (ERR)
10.0%93 avg views
Posting
19.1/day
last 1 day ago
Reactions per 1K views
2.1
❤ 👍 🔥
Views over time
| When | Views |
|---|---|
| 13 Oct 2026, 08:01 | 0 |
| 13 Nov 2026, 11:16 | 82 |
Who shared this post
Posts in other channels we index that link to this one. (Forwards with a hidden source can't be traced.)
Nobody yet.