Your Tajikistan

@your_tj · news · Russian · active

Subscribers 929 Subscribers, last 30 days: 928 → 929 −1 24h
Reach per post (ERR) 10.0%93 avg views
Posting 19.1/day last 1 day ago
Reactions per 1K views 2.1 ❤ 👍 🔥
edited

Шавкати Аштӣ: аз Тоҷикистон то Амрико. Зиндагии ҳунарманд дар муҳоҷират чӣ гуна аст? Соли 2011 Шавкат Тошматов, ки бисёриҳо ӯро бо номи Шавкати Аштӣ мешиносанд, ба Амрико рафт. Аммо зиндагӣ дар он ҷо танҳо аз саҳнаву суруд иборат набуд. Ӯ маҷбур шуд дар соҳаҳои дигар кор кунад, аз ҷумла ҳамчун бариста, то зиндагии худро пеш барад ва ҳамзамон аз ҳунар дур намонад. Дар қисми нави подкасти «Имрӯз бо Беҳруз» бо Шавкати Аштӣ дар бораи зиндагии ҳунарманди тоҷик дар Амрико, мушкилоти муҳоҷират, пазмонии Ватан ва фарқи шоу-бизнеси Тоҷикистон аз Амрико суҳбат кардем. Чаро шоу-бизнеси тоҷик то ин андоза ба тӯйҳо вобаста аст? Оё сароянда метавонад дар Амрико танҳо аз ҳисоби ҳунари худ зиндагӣ кунад? Тоҷикон дар хориҷ бештар якдигарро дастгирӣ мекунанд ё рақобат? Ва барои ба саҳнаи байналмилалӣ баромадани ҳунармандони тоҷик чӣ намерасад? Ҳамчунин аз Шавкат пурсидем, ки Амрико ӯро чӣ гуна тағйир дод, дар ин роҳ чиро аз даст дод ва баъди ин ҳама солҳо худро бештар амрикоӣ эҳсос мекунад ё тоҷик. Суҳбати самимӣ дар бораи санъат, муҳоҷират, муваффақият ва муҳаббат ба Ватан - дар қисми нави «Имрӯз бо Беҳруз». https://your.tj/tj/shavkati-ashti-az-tojikiston-to-amriko-zindagii-hunarmand-dar-muhojirat-chi-guna-ast

Views over time

025507513 Oct 07:4813 Nov 11:167513 Oct 07:48: 0 views13 Nov 11:16: 75 views
Snapshots we took after posting.
WhenViews
13 Oct 2026, 07:480
13 Nov 2026, 11:1675

Who shared this post

Posts in other channels we index that link to this one. (Forwards with a hidden source can't be traced.)

Nobody yet.